Ба гузориши Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ, бо такя ба гузориши "Department One" -- як гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар, ки дар хориҷ фаъолият мекунад, дастикам 779 фарди зери сини қонунӣ дар феҳристи террористҳо ва ифротгароёни Русия қарор доранд ва наздик ба 97 дарсади онҳо пас аз соли 2022, яъне пас аз оғози ҷанги Украина, ба ин феҳрист афзуда шудаанд.
"Мемориал" - як гурӯҳи дигари мудофеи ҳуқуқи башар низ мегӯяд, дастикам 124 фарди зери сини қонунӣ дар Русия бинобар ангезаҳои сиёсӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Парвандаҳо алайҳи ин навҷавонон сабабҳои зиёд дорад, аз нашри матлабҳои зиддиҷанг ва интиқод аз Владимир Путин дар шабакаҳои иҷтимоӣ то иттиҳоми ҳамкорӣ бо ниҳодҳои истихборотии Украина барои анҷоми харобкорӣ дар хоки Русия.
Дар бархе парвандаҳо, мақомҳои Русия иддао кардаанд, ки навҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи ниҳодҳои истихборотии Украина ҷалб шуда ва барои оташ задани иншоот, тахриби амвол ё дигар иқдомоти харобкорона, омӯзиш дидаанд.
Гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар аммо мегӯянд, дар бисёре аз ин парвандаҳо ба далели ғайриошкор будани таҳқиқот ва махфӣ будани ҷараёни додгоҳӣ, имкони баррасии мустақили нишонаҳо ва иддаоҳои ниҳодҳои амниятӣ вуҷуд надорад.
Аз ҷумла, Виталина Пренинг, як мактабхони 16-сола аз Новосибирск ахиран ба барномарезӣ барои ҳамлаи террористӣ, узвият дар як созмони террористӣ ва гузаронидани омӯзишҳои террористӣ, муттаҳам шудааст. Ҷузъиёти айбнома зидди ӯ рӯшан нест, аммо номаш дар моҳи август ба феҳристи террористии Русия изофа шуд.
Арсений Турбин низ ҳангоми боздошт дар соли 2023 ҳамагӣ 15-сола буд. Ӯ эъломияҳое алайҳи Путин пахш карда, як канали телеграмӣ бо номи "Русияи озод" сохта ва гуфта буд, Русияро тарафи таҷовузгари ҷанги Украина медонад. Додгоҳе дар Русия дар соли 2024 ӯро дар як мурофиаи пушти дарҳои баста ба панҷ сол зиндон маҳкум кард.
Арсений Турбин ҳангоми боздошт дар соли 2023 понздаҳсола буд.
Ҷавонтарин фарде, ки гуфта мешавад акнун дар феҳристи террористҳо ва ифротгароёни Русия қарор дорад, Иван Малтсеви 14-сола, сокини шаҳри Барнаул дар Сибир аст. Ӯ ба талош барои оташ задани як мошини пулис муттаҳам шудааст, аммо падараш ин иттиҳомро рад кардааст.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомҳои амниятии Русия дар бархе мавридҳо бо истифода аз ҳисобҳои ҷаъливу сохта ва равишҳои таҳрикомез, навҷавонро ба навиштани паёмҳои тунду сахт ё анҷоми иқдомоте раҳнамоӣ мекунанд, ки баъдан асоси ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо мешавад.
Дмитрий Заир-Бек, раиси "Department One" ба Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфтааст, мавридҳои дида шудааст, ки кормандони ниҳодҳои амниятӣ ё афроди вобаста ба онҳо ибтидо навҷавононро ба ташкили гурӯҳ, навиштани изҳороти тунд ё посух додан ба паёмҳои таҳрикомез раҳнамоӣ мекунанд ва сипас ҳамин рафторҳо асоси иттиҳом алайҳи онҳо қарор мегирад.
Ба гуфтаи Сергей Давидис, аз масъулони созмони "Мемориал", ҷанги Украина доманаи саркӯби сиёсӣ дар Русияро ба шакли қобили мулоҳиза густариш додааст.
Мунтақидон ҳамчунин мегӯянд, махфӣ будани бахши калоне аз парвандаҳои вобаста бо терроризм ва ифротгароӣ, имкони назорати мустақил бар раванди таҳқиқот ва додгоҳҳоро маҳдуд карда ва фазои лозимро барои содир кардани ҳукмҳои вазнинтар фароҳам овардааст.
Фаъолони ҳуқуқи башар афзоиши ин парвандаҳо алайҳи навҷавононро на фақат иқдоми додгоҳӣ, балки абзоре барои ба миён овардани фазои тарс дар ҷомеаи Русия ва боздоштани навҷавонон аз ибрози мухолифат бо ҷанг ва ҳукумат медонанд.