Ҳомиди Карзай - аз Лилл то арки раёсати Кобул
Карзайи 28-сола (аз боло аз тарафи рост) дар давраҳои семоҳаи журналистика дар Лилли Фаронса, соли 1985.
Карзай (қатори боло, дуюм аз чап) бо толибилмони дигари давраҳои журналистика дар Лилл. Баъди хатми таҳсил Карзай ба Покистон баргашт ва раҳбари Ҷабҳаи миллии наҷоти Афғонистон шуд.
Акси нодири Карзай бидуни риш - аз номаи аъмоли ӯ, ки соли 2001, қабл аз таъини ӯ ба мақоми раҳбари маъмурияти муваққати Афғонистон дар анҷумани Бонн таҳия шудааст.
Бо вазири дифои Амрико Доналд Рамсфелд дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар наздикии Кобул. 16 декабри соли 2001, 6 рӯз қабл аз таъин шудани Карзай ба мақоми раҳбари идораи муваққати Афғонистон.
4 январи 2002: Генерал-майори бритониёӣ Ҷон Маккол (аз рост), намояндаи СММ Аҳзар Иброҳимӣ (дар марказ) ва Карзай созишнорма дар бораи истиқрори нирӯҳои кумак ба амнияти Афғонистонро имзо карданд. Дар соли 2011 теъдоди нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба 132 000 нафар расида буд.
19 июни 2002: Суханронӣ дар Луя Ҷиргае, ки Карзайро барои давраи гузариши дусола раҳбари Афғонистон интихоб кард.
Варақаи овоздиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 9 октябри соли 2004. Дар ин интихобот Карзай барои 5 сол раисиҷумҳур интихоб шуд.
Нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, 26 сентябри соли 2006.
Дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек. Соли 2007
10 ноябри соли 2009. Савганди дуюми раёсати Карзай ба ҳайси раисиҷумҳур. Рақиби асосии ӯ дар даври дуюм доктор Абдуллоҳ номзадиашро ба нишони эътироз пас гирифт ва Карзай бидуни рақобат раисиҷумҳур эълон шуд.
Карзай ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, дар Кобул, 20 октябри соли 2011.
Корзори интихоботии соли 2014. Тарафдорони хашмолуди доктор Абдуллоҳ рӯзи 8 июл қабл аз гирдиҳамоии эътирозӣ акси бузурги Карзайро дар Кобул канданд. Баъди се моҳи баҳсҳо қарор шуд, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай раисиҷумҳур ва рақиби ӯ доктор Абдуллоҳ раҳбари ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон шаванд.