Вазири дифоъи Русия дар Душанбе

Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия, ҳини дидор аз Душанбе

Вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков барои баррасии ҳамкориҳои низомӣ бо мақомоти Тоҷикистон имрӯз, 30-уми июл, вориди Душанбе шуд.
Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни мулоқоти вазири дифоъи Русия бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев масоили ҳамкориҳои низомии ду кишвар ва ҳамчунин масъалаи таҳсили афсарони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия баррасӣ хоҳад шуд.

Қарор аст Анатолий Сердюков дар чаҳорчуби сафараш аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дидан кунад.

Ва як рӯз баъд аз сафари кории вазири дифоъи Русия ба Душанбе, фардо, 31-уми июл, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Мартин Демпсӣ низ вориди Душанбе шуда ва бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард.