Вақте аз хонум Гулрӯ Ибодова аз ҳоли ҳамсару фарзандонаш пурсидем, бо ашки дида гуфт, ки аз рӯзи 13-уми апрел, яъне аз замони боздошти шавҳараш то имрӯз, ӯро надидаву ҳеҷ хабаре ҳам надорад...
Наздикони Рақибов ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, аз ин иқдом касе онҳоро дар ҷараён нагузошт ва танҳо бо талошҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова маълум гаштааст, ки маҳбус ҳоло дар боздоштгоҳи Душанбест.
Хешу табор аз мулоқот бо ӯ маҳруманд ва танҳо вакил метавонад, бо вай дидор дошта бошад. Аммо ба иллати надоштани маблағ сокини Файзобод, Атовулло Рақибов ин ҳама муддат тани танҳо аз худ дифоъ мекунад.
Муроҷиати ӯ ба Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз натиҷае надодааст.
Дар ҳамин ҳол сарнавишти Атовулло Рақибов ва фарзандони хурдсолаш вокуниши ҷомеаи интернетиро ба бор овардааст. Ин гурӯҳи истифодабарандагони интернет бо нигаронӣ ва интиқод аз бетаваҷҷӯҳии созмонҳои масъул ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар ба сарнавишти ин хонавода, ахиран тасмим гирифтаанд, ки мувофиқ ба тавоноияшон ба Рақибовҳо кӯмак бикунанд.
Атовулло Рақибов, сокини рустои Заркамари ноҳияи Файзобод аст, ки то замони боздошташ аз сӯи маъмурони интизомӣ, тӯли ду алайҳи тахриби манзили зисташ мубориза мебурд.
Навори видео дар бораи мушкили Рақибовҳо аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қиссаи баҳси замин ё гаравгонгирии кӯдакон
Вай мегӯяд, дар чанд рӯзи охир афроди зиёде, ки аз тариқи саҳифаҳои интернетӣ аз қазияи онҳо хабар ёфтаанд, занг задаву омодагии худро барои расонидани кӯмак баён доштаанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, кӯмакпулии як хонандаи сомонаи "Озодӣ" низ аз Амрико ба дасташон расидааст. Вай афзуд, ҳоло ҳама маблағи ҷамъоваришуда ва талоши худро барои раҳо кардани шавҳараш сарф хоҳад кард. "Худо ҳазорсола кунад онҳоро, занг мезананд аз кӯдакон мепурсанд, аз саломатиам ва шавҳарам мепурсанд. Имрӯз боз як нафари дигар занг зад, гуфт, ки мехоҳад кумак кунад. Гуфт, ки шири модар хӯрдааст ва дилаш ба ҳоли фарзандони ман месӯзад",-баён дошт ӯ.
РӮЗҲОИ БЕПАДАРӢ, БЕШАВҲАРӢ
Аммо вақте аз хонум Гулрӯ аз ҳоли ҳамсар ва фарзандонаш пурсидем, бо ашки дида гуфт, ки аз рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ, яъне аз замони боздошти шавҳараш то имрӯз ӯро надидаву аз ӯ ҳеҷ хабаре надорад. Ҳатто дақиқ гуфта намешавад, ки падари кӯдаконаш ҳоло дар куҷост ва чӣ ҳол дорад.
Бо ин ҳол, тоҷикон дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз бархӯрди, ба гуфтаи онҳо, номуносиби мақомот бо хонаводаи Рақибовҳо, бахусус панҷ фарзанди хурдсоли ӯ, ки қурбонии аслии ин баҳсҳо гашта аз таҳсил дур мондаанд, изҳори нигаронӣ мекунанд.
ТОҶИКИСТОН, ИНТЕРНЕТ ВА БЕДОРӢ
Зафар Абдуллоев
Ба гуфтаи коршиносон бо афзун шудани дастрасӣ ба интернет ва теъдоди муштариёни тоҷик дар ин тӯри ҷаҳонӣ, ки теъдодашон ба ду миллион нафар мерасанд, як навъ бедоршавии ҷамъияти интернетии Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Зафар Абдуллоев, хабарнигори тоҷик ва яке аз фаъолони интернетӣ мегӯяд, иқдому чорабиниҳои шаҳрвандӣ, ки бештар дар шабакаи ҷаҳонии интернет эҳё мешаванд, аз он дарак медиҳад, ки ҷомеаи интернетии Тоҷикистон фаъол аст.
Вай гуфт, "фикр мекунам, ҳоло интернет, саҳифаҳои Фейсбук ва дигар саҳфаҳои мубоҳисавӣ ягона майдонест, ки ҷавонон метавонанд озод муошират, баҳс ва назари худро баён кунанд. Дар кишвар клубу марказҳои махсус ва майдонҳое нест, ки ҷавонон он ҷамъ шуда андешаронӣ ва бо ин роҳ рушд кунанд. Ҳоло танҳо интернет чунин имкониятро барои онҳо фароҳам овардааст ва бинобар ин фаъолнокии ҷавонон бештар дар интернет ба назар мерасад."
Бояд гуфт, ҷавонони тоҷик дар сомонаҳои иҷтимоие мисли "Фейсбук", "Майл нуқта ру" ва дигар блогу саҳфаҳои хабарӣ масъалаҳои доғи рӯзи кишвар ва мушкилоти мухталифро мисли ҳамин қазияи хонаводаи Рақибовҳо байни худ таҳлил ва андешаронӣ мекунанд ва дар бархе мавридҳо барои кӯмак ба афроди алоҳида ва ҳалли кадом як мушкиле тасмим мегиранд.