Нигарониҳо аз даргирии неруҳои давлатӣ дар Рашт

Ҷасади Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН-и вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зӯҳри имрӯз, 4 феврал, дар Душанбе ба хок супурда шуд.

Дуюми феврал тақрибан соатҳои 11 ба 12 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсус, ё (ОМОН)–и вазорати дохила ва шӯъбаи раштии идораи мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил, ё УБОП-и ин вазорат даргирии мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи ин даргирӣ дар баробари захмӣ шудани чаҳор нафар, фармондеҳи ОМОН-и кишвар Олег Захарченко кушта шуд.

То кунун ба таври расмӣ дар мавриди далоили вуқӯъи ин ҳодиса ва сабабҳои эъзоми гурӯҳи вижа аз Душанбе ба Рашт аз сӯи мақомот тавзеҳот дода нашудааст. Аммо бар асоси ахбори расида, Додситонии кулли Тоҷикистон дар заминаи ҳамла ба кормандони ОМОН-и вазорати дохила парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карда ва Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар маросими ҷанозаи Олег Захарченко гуфтааст, ҳодисаи куштори фармондеҳи ОМОН ба таври ҷиддӣ мавриди таҳқиқ қарор мегирад ва омилони он ошкор ва муҷозот хоҳанд шуд.

Ҷасади Олег Захарченко, фармондеҳи гурӯҳи зудамали вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ҳоле ба хок супорида мешавад, ки масъулони идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи ин вазорат роҳандозии кадом як амалиёти махсус ба манзури боздошти Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта дар минтақаи Рашт – қисмати шарқии кишварро, такзиб мекунанд.

Раҷабалӣ Маҳмадалиев, сардори идораи ҷароими созмонёфтаи вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, ин гурӯҳ ҷиҳати анҷоми як сафари хидматӣ аз Душанбе вориди минтақаи Рашт шуда буд, вале дар саҳни ҳавлии бинои умури дохилаи Ғарм аз сӯи афроди ношинос ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Ин дар ҳолест, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати дохила дар минтақаи Рашт, бо радди ин гуфтаҳо таъйид кард, ки гурӯҳи зудамали вазорати дохила таҳти фармондеҳии Олег Захарченко вориди саҳнаи бинои умури дохила шуда ва бо таҳдид онҳоро ба таслимшавӣ даъват кард. Ба таъйиди оқои Аҳмадов, вақте онҳоро ба таслимшавӣ даъват мекарданд, ки идораи дохилаи Ғарм, ки дар як бинои сеқабата ҷойгир шудааст, дар муҳосира қарор гирифта ва сӯи он аз силоҳҳои оташфишон тирпарронӣ оғоз шуда буд.

Оқои Аҳмадов гуфт, замоне ин тирпарронӣ оғоз шуд, ки шӯъба дар ҳузури ду намояндаи вазорати дохила, ки аз Душанбе омада буданд, дар як ҷаласа фаъолияти худ дар соли гузаштаро натиҷагирӣ мекард. Ва ин ду нафари омада ҳамчунин куллия лавозимоти шӯъба ва силоҳҳои онҳоро низ мавриди тафтиш қарор дода буд. Оқои Аҳмадов афзуд, сабаби чунин муносибат кардани мақомоти марказӣ бо ӯро то кунун намефаҳмад.

Даргирӣ миёни гурӯҳҳои марказӣ ва минтақаии вазорати дохилаи Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм рӯзи 2 феврал сурат гирифта буд, ки дар натиҷаи он Олег Захарченко фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси ин вазорат кушта ва се нафар аз аъзои ин гурӯҳ захмӣ шуданд. Тибқи хабарҳои расида, тирпарронӣ 30-40 дақиқа давом кардааст. Сипас гурӯҳи аз Душанбе омада, муҳосираро қатъ ва маҳалли ҳодисаро тарк кардааст. Гуфта мешавад, як нафар аз шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккили минтақаи Рашт низ бар асари ин тирпарронӣ ҷароҳат бардоштааст.

Ҳодисаи задухӯрд миёни гурӯҳҳои вобаста ба вазорати дохилаи Тоҷикистонро бархе аз коршиносон як амалиёти номуваффақ ва ғайрикасбии ин вазорат арзёбӣ мекунанд. Ба эътиқоди ин коршиносон, вуқӯъи як чунин ҳодиса дар минтақае, ки замоне аз саҳнаҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ ва пойгоҳи аслии мухолифини давлат маҳсуб меёфт, ба ҳолати равонии мардум асари манфӣ гузошта ва боиси эҷоди тарс ва нобоварӣ ба идомаи сулҳ хоҳад шуд.

Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноёти муташакил дар водии Рашт пас аз имзои Созишномаи сулҳ таъсис ёфта, умдатан аъзои онро собиқ размандагони нерӯҳои мухолифин ташкил медодаанд. Ин шӯъба дар ибтидо наздик ба 60 корманд ва айни замон пас аз ихтисор дар соли гузашта ҳафт корманд доштааст.

Дар ҳамин ҳол Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати дохила дар минтақаи Рашт, гуфт дар сӯҳбати телефонӣ, ки баъди ин ҳодиса бо вазири дохила доштааст, аз ӯ танҳо ҳарфҳои ношоиста шунидааст. Вай афзуд, дар чунин шароит, яъне бидуни мушаххас кардани далоили ҳамла ва ҳадафи тир қарор гирифтани шӯъба ҳозир нест, силоҳи худро бисупорад. Оқои Аҳмадов гуфт, рӯзи гузашта як ҳайат, ки худро намояндагони вазорати дифоъ муаррифӣ кардаанд, маҳалли ҳодисаро боздид ва бо мақомоти ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Рашт мулоқот кардаанд. Вай таъйид кард, ки дар ҳоли ҳозир дар маҳалли маъмурияташ аст ва вазифаи ба дӯшаш вогузоршударо идома медиҳад.

Мирзохӯҷа Аҳмадов аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик буд, ки дар пайи имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ҳамроҳ бо дигар аз фармондеҳони мухолифин - Мирзо Зиёев, Мирзохӯҷа Низомов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ғайратшо Ҳакимов ва чанд тани дигар ба суфуфи мақомоти интизомии кишвар ҷалб карда шуд.