Таҷдиди назар: Зери фишори русгароҳо?

Аммо акнун дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурӣ зимни нашри як баёния гуфтааст,ки ин иқдоми раиси ҷумҳур ба маънои саросарӣ шудани чунин иқдом нест. Ва тоҷикӣ кардани номҳо ихтиёри ҳар шаҳрванд аст. Ба рағми он,ки дар дастури қаблӣ гуфта мешуд, ҳадди ақалл ном ва номи хонаводагии атфоле, ки ба дунё меоянд, бояд ҳатман тоҷикӣ бошад.




Ин гуна таҷдиди назар ва шарҳи он тавассути расонаҳои давлатӣ, ки ба навъе баёнгари надомат аз иқдоми қаблиро мемонад, дар доираҳои рушанфикӣ ба гунаҳои мухталиф тафсир мешавад. Қосими Бекмуҳаммад коршиноси мустақили тоҷик бар ин назар аст, ки ин таҷдиди назар ё то ҳадде кӯтоҳ омадан дар тасмими қаблӣ ба дунболи изҳори норизоятии бархе расонаҳои русгаро дар Тоҷикистон сурат гирифта баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ҳатто дар сиёсати фарҳангии худ низ то ҷое пойбанди Маскав боқӣ мондааст: «Ин иқдом нишон медиҳад, ки бо вуҷуди гузаштани понздаҳ сол аз умри истиқлоли Тоҷикистон ҳануз ҳам сиёсатҳои фарҳангии мо бо Русия ҳамоҳанг мешавад. Чи бирасад ба истиқлоли сиёсӣ. Ва ин ҷойи таассуф дорад».





Аммо Искандар Асадуллоев мудири собиқи пажуҳишгоҳи истротежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иддаъоро рад мекунад ва мегуяд, ин иқдом дар чаҳорчуби эҳтиром гузоштан ба ҳаққи шаҳрвандон дар интихоби тарзи номсозӣ сурат гирифта ва Тоҷикистон дар таъйин ва пушбурди сиёсати фарҳангии худ озод аст: «Ман ба ин гапҳо тамоман розӣ нестам, ки мегуянд сиёсати фарҳангии Эмомалии Раҳмон мустақил нест. Бинед, Шашмақомро чи хел бардошт, фалакро чи хел бардошт, Исмоили Сомониро чӣ хел бардошт. Сиёсаташ тамоман мустақил аст. Ин ҳамааш гапу гапча».




Аммо Абуғаффори Камол коршиноси дигари тоҷик бар ин назар аст, ки чунин иқдоме бояд қабл аз ҳар чиз ба баррасии мардум гузошта мешуд ва ба дунболи он порумон қонунеро ба тасвиб мерасонд он гоҳ ин раванд эътибори қонунӣ ва пуштибонии мардумӣ пайдо мекард: «Мутаассифона, дар кишвари мо бисёре аз корҳо аз руи эҳсос сурат мегирад. Ва ин нишонгари он аст, ки бояд ҳама кор аз руи қонун сират бигирад, бояд дар порлумон як қонун ба тасвиб мерасид ва ба дунболи он оқои Раҳмонов ба сурати ифтихорӣ номи худро аввал иваз мекард ва он гоҳ дигарон пайравӣ мекарданд».




Аммо мегуяд оғои Камол бо ин ки ин кор, яъне табдили аснод ба тоҷикӣ ба истилоҳ ихтиёрӣ мешавад, маънои онро дорад, ки он амалӣ нахоҳад шуд. Аммо оқои Асадуллоев мегуяд раванди эҳёи номгузории миллӣ дигар бебозгашт аст ва ҳар касе чӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад, монеъ аз густариши он нахоҳад шуд.