Демократияи асри XII ва демократияи асри XX

Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло
Ташхис-ул-латоиф. Лутфи VII

Дар боби демократия

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва аммо баъд...Ба фикри шумо демократия дар кадом аср дастрастар буд? Махсусан, дар мазаммати шоҳону вазирон ва класси раҳбарикунанда?

Мегӯянд, ки Чапаев ҳар шаҳреро, ки ишғол мекард бо ҳамон аробачаи пулеметдораш, ки таганка ном дошт, савор шуда дар кӯчаҳо мегашт ва ба шогирдонаш Анкаву Петка мефаҳмонд:
- Мо дар ин кӯча консерватории месозем!
Ҳамин, ки ба кӯчаи дигар мегузаштанд, вай боз биноеро нишон дода
- Мо дар ин бино консерватория месозем, мегуфт.
(Барои онҳое, ки донишашон баробари дониши Чапаев аст, фаҳмонида мешавад, ки консерватории мактаби олии мусиқист)
Чапаев бошад дар ҳар кӯча консерватории сохтанӣ.
Боре Петя тоқат накарда пурсид:
- Василий Иванович, о ин қадар консерватории ба ту чӣ лозим?
- Ту намефаҳмӣ Петя, - мутафаккирона ҷавоб дод Чапаев,- ин ҷанг Худо медонад, ки чӣ қадар давом мекунад, ба мардум ҳарчӣ бештар консерва лозим. (консерваро медонед? Дар замони Шӯравӣ дар банкаҳояш менавиштанд, ки ин «гӯшти гови дам карда пухташуда» аст.)


Мардум ин латифаи ба ҳам омехташудаи гӯшти гов ва мактаби мусиқиро, ки аз «оқилии» шахси раҳбаркунанда гувоҳӣ медод, танҳо дар ҷойҳои махсус ба ҳамдигар нақл мекарданд.

Замоне Брежнев ба Осиёи Марказӣ омада ҳангоми вохӯрӣ бо оқсақолон - Салом, рафиқон саксавулҳо , гуфтааст. Кадоме аз гурҷинакҳои атрофаш ба вай фаҳмонидааст, ки инҳо оқсақоланд.
- Ман чӣ гуфтам?
- Шумо саксавул гуфтед.
- Чӣ фарқ дорад, инаш ҳаму ваяш ҳам чӯби қоқ.


Ин латифаро на танҳо Чоп кардан, балки ба якдигар нақл кардан ҳам мумкин набуд, зеро шунаванда дарҳол гӯяндаро «мефурӯхт» ва муаллиф ба балои сахт гирифтор мешуд.


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло


Акнун латифаеро пеш меорам, ки дар асри X!! Нуриддин Муҳаммад Авфии Бухороӣ навиштааст, яъне чоп кардааст ва исмашро ҳам чун муаллиф зери он латифа дарҷ намудааст.

Савдогарон пеши подшоҳ рафтанд ва аспҳоро бар ӯ арз намуданд. Подшоҳ аспонро писандид ва хари два дусад ҳазор рупия зиёда аз қимат ба савдогарон до два фармуд, ки аз мулки худ боз асп биёваранд. Савдогарон рафтанд.
Рӯзе подшоҳ дар ҳолати хушӣ ва мастӣ ба вазир фармуд:
- Исми ҷамъи аҳмақони шаҳрро бинавис.
Вазир аз номи подшоҳ сар кард. Шоҳ пурсид:
- Чаро?
- Савдогаронро, ки намешиносию намедонӣ дусад ҳазор рупия барои овардани аспон бе ҳеҷ заминав а иттилоъ бахшидаӣ ва маскани эшонро намедонӣ, ки аз куҷоянд, магар ин аломати ҳамоқат нест?
Подшоҳ гуфт:
- Агар савдогарон аспонро биёваранд он вақт чӣ мегӯӣ?
Вазир гуфт:
- Агар биёваранд, номи ҳазратро аз дафтари аҳмақон хат кашам ва номи савдогарон он ҷо нависам.


Акнун ба саволи аввал бармегардем. Ба фикри шумо демократия дар кадом аср дастрастар буд?