Нома ба Аҳмадинажод

Г.И. : Ин номаро 150 нафар аз аъзои Маҷлиси Ирон имзо кардаанд - зимнан, Маҷлиси Ирон 290 узв дорад. Дар ин нома онҳо хостори таваҷҷуҳи бештар ба иқтисоди Ирон шудаанд ва, аз ҷумла, дархост кардаанд, ки зимни таҳияи буҷа фақат ба даромад аз нафт тамаркуз накунад, ки ин масъала шояд дар оянда барои давлат боиси мушкил шавад. Ва ҳамчунин хостаанд, ки бо афзоиши гаронӣ дар кишвар мубориза кунад.

Гулноз, тавре ба назар мерасад, моҳҳои ахир на фақат сиёсатмадорон ва вакилони Маҷлис, балки мардуми оддӣ низ аз ҳукумати феълӣ чандон розӣ нестанд. Сабаб чист, оё вазъи мардум баъди раиси ҷумҳур интихоб шудани Маҳмуди Аҳмаднажод сангинтар шудааст?


Г.И. : Ман гумон мекунам, ки мардуми оддӣ беш аз ҳама аз афзоиши гаронӣ нороҳатанад. Қимати ғизо, қимати мева ва дигар маводе, ки мардум ҳар рӯз аз он истифода мекунад, се баробар афзоиш пайдо кардааст. Гуфта мешавад, ки қимати манзил беш аз 30 дар сад боло рафтааст. Ва ин ҳама, ба гуфтаи мардум, бар асари сиёсати ғалати ҳукумат аст, ки ба ин масоил таваҷҷуҳ накарда ва роҳҳале низ пешниҳод накардааст. Вале ҳамчунин ки ишора кардед, комилан дуруст аст, ки эътирозҳову интиқод аз оғои Аҳмадинажод ва ҳукуматаш афзоиш меёбад ва на фақат дар Маҷлиси Ирон, балки дар рӯзномаҳо низ. Иллаташ, ба назари ман, чанд масъала аст, яке масъалаи иқтисодӣ, ки ишора кардем, дуввум - шикасти ҷонибдорони оғои Аҳмадинажод дар интихоботи Шӯроҳо, ки ахиран дар Ирон баргузор шуд ва саввум - қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал алайҳи Ирон, ки боиси таҳримҳои ҷадид болои кишвар гардид. Ин масоил боиси нигарониҳо дар Ирон гаштааст ва, тавре гуфтем, бисёриҳо фикр мекунанд, ки ин ҳама натиҷаи сиёсати ҳукумати оғои Аҳмадинажод аст.

Ва баргардем ба номаи вакилони Маҷлиси Ирон. Оё дар он барои ислоҳи вазъи иқтисодӣ ва дар робита ба буҷаи соли 2007 пешниҳодҳое низ ироа шудааст?

Г.И. : Бале дар ин нома ҳашт пешниҳод ироа шудааст, аз ҷумла, ҳукумат набояд рӯи даромадҳои нафтӣ тамаркуз кунад. Гуфтаанд, дуруст аст, ки қимати нафт боло рафта буд ва аммо моҳҳои ахир ин қимат пойин меравад ва ин шояд барои ҳукумат мушкил эҷод кунад. Ҳамчунин вакилон навиштаанд, ки ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод дар ироаи тарҳи буҷа ба Маҷлис таъхир кардааст, зеро раиси ҷумҳур ба манотиқи гуногуни кишвар ва хориҷи он сафарҳо дошт. Ахиран оғои Аҳмадинажод ба кишварҳои Амрикои Лотин сафар карда буд, ки ин сафар дар Ирон мавриди интиқод қарор гирифт ва бисёриҳо ин пурсишро матраҳ карданд, ки оё раҳбарони зиддиамрикое чун Ҳуго Чавес - раҳбари Венесуэла ва Даниел Ортега - раҳбари Никарагуа метавонанд аз шарикони воқеъан стротежики Ирон бошанд?