Ҷ. Ниёзов : «Таъсиси кумисиюнҳои ҳавзаӣ аз сӯи мақомоти маҳаллӣ мухолифи Қонуни интихобот аст»

М.М. : Оқои Ниёзов, оё мавзеъгирии Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ чи гуна аст? Чанд рӯз қабл дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки бахши суғдӣ ва созмони ҲДТ дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст интихоботро кунад.

Ҷ.Н. : Ин танҳо як тавсияи мо буд ба анҷумани ҲДТ. Зеро созмонҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ё ноҳияӣ ба худии худ ҳуқуқи таҳрими интихобот ё ки тасмим гирифтан дар мавриди ширкати ҳизб дар онро надоранд. Ин салоҳиятро Оинномаи ҳизби мо ба анҷумани ҳизб вогузор кардааст ва он дар рӯзи 24 сентябр баргузор хоҳад шуд.

М.М.: Вале ба назари шумо чунин намерасад, ки тасмимгирии ҳизби шумо дар мавриди ширкат дар интихобот дер сурат мегирад. Дар ҳоле ки корзори интихоботӣ шурӯъ шуда, пешниҳод ва сабти номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба кумисиюнҳои ҳавзаӣ поён ёфтааст. Ва Ҳизби Демократ имкони назорат аз ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши раъйҳоро бо намояндаҳои худ дар кумисиюнҳои интихоботӣ аз даст додааст.

Ҷ. Н. : Не, чунки барои ин кор ҳанӯз вақт ҳаст. Ба назари мо, масъалаи раъйдиҳӣ ва шумориши раъйҳо на дар ҳавзаҳо, балки дар қитъаҳо, ки овоздиҳӣ он ҷо сурат мегирад, ҳал мешавад. Ва Қонуни интихоботи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон замони таъсиси кумисиюнҳои қитъаиро то бист рӯз пеш аз интихобот муайян кардааст. Аз ин рӯ, ҳоло вақт ҳаст. Агар мо дар Анҷуман тасмими ширкати ҳизбамон дар интихоботро бигирем, мо имкон дорем, ки намояндагони худро ба кумисиюнҳои қитъаӣ пешбарӣ кунем. Дар мавриди кумисиюнҳои ҳавзаӣ - дар он ҳавзаҳое, ки аз мо талаб карданд, мо рӯйхати намояндаҳои худро додем. Аммо мутаассифона, ба ин кор ҳукуматҳои маҳаллӣ машғуланд, ба ҷои он ки Кумисиюни Марказии Интихобот машғул бошад. Яъне муроҷиат ба аҳзоби сиёсӣ ва гирд овардани рӯйхати номзадҳо ба кумисиюнҳои ҳавзаӣ ба уҳдаи ҳукуматҳои маҳаллӣ гузошта шудааст.

М. М. : Мушаххасан, мисол оварда метавонед, ки масалан, дар вилояти Суғд дар кадом ҳавзаву қитъаҳо чунин ҳолат мушоҳида мешавад?

Ҷ. Н. : Дар бораи вилояти Суғд, ман дар мисоли мақомоти ҳукумати Хуҷанд гуфта метавонам, ки аз аҳзоби сиёсӣ ҳам рӯйхати номзадҳо ба кумисиюни ҳавзаӣ ва ҳам ба кумисиюнҳои қитъаиро талаб кардааст. Ҳол он ки аз рӯи қонун кумисиюнҳои қитъаӣ бояд аз сӯи кумисиюнҳои ҳавзаӣ таъсис ёбад. Баъд аз он ки Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон кумисиюнҳои ҳавзаии интихоботро ташкил кунад.

М. М. : Оқои Ниёзов, ба назари шумо, боз кадом мушкил дар пешорӯи аҳзоби сиёсӣ вуҷуд дорад, ки барои баргузории озод ва шаффофи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ халал ворид месозад?

Ҷ. Н. : Тибқи Қонуни интихоботи Тоҷикистон варақаҳои имзо барои пешбарии номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, ки бояд ба онҳо панҷ дарсади раъйдиҳандагон имзо гузоранд, бояд аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ тасдиқ шавад. Таҷрибаи интихоботи гузашта нишон дод, ки варақаҳои ҷамъоварии имзо як ё ду рӯз пеш аз сабти номи номзадҳо ба дасти онҳо дода шуд. Ва ин кори мақомоти маҳаллӣ аз сӯи довталабон ҷамъварӣ шудани 150 ҳазор имзоро хунсо мекунад. Агар дар ин интихобот ҳам чунин ҳолат ба вуқӯъ ояд, ман фикр мекунам, ки ягон номзад дар ин муҳлати танги як рӯз ё ду рӯз чунин шумораи зиёди имзоро ҷамъ оварда наметавонад. Агар вазифаи ба расмият даровардани барга (бланка)-ҳои ҷамъоварии имзо бар уҳдаи кумисиюнҳои ҳавзаӣ вогузор мегашт, бисёр хуб мешуд.