Тими мунтахаби футзоли Тоҷикистон дар дуввумин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии футзоли Осиё дар шаҳри Тошканд бар тими Ҳонконг бо натиҷаи 6 бар 5 пирӯзӣ ба даст овард. Ин бозӣ дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»- и пойтахти Узбакистон баргузор шуд. Ҳамаи шаш голи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор капитани даста Хуршед Маҳмудов ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ Ҷопон бар Ироқ бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард. Бад ин тартиб тимҳои Ҷопон ва Тоҷикистон баъди ду даври мусобиқот шашимтиёзӣ ба даст овардаанд. Ва бо назардошти таносуби тӯбҳо Ҷопон дар ҷадвали гурӯҳ дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дуввум мебошанд. Ғолиби гурӯҳи «В» дар даври севвуми мусобиқот рӯзи чоршанбеи 24 май дар рақобат миёни тимҳои Ҷопон ва Тоҷикистон муайян хоҳад шуд.
Дар гурӯҳи «А» тими мизбон - Узбакистон дар нахустин дидори худ бар Малайзиё бо натиҷаи 7 бар 0 ва Чин бар Тайван бо ҳисоби 5 бар 3 ғолиб омада, бо сеимтиёзӣ дар ҷадвали бозиҳо садрнишинанд. Дар гурӯҳи «D» тими Эрон дар дуввумин дидори худ дастаи Индонезияро бо ҳисоби 20 бар 1 шикаст дод. Тайланд Туркманистонро бо ҳисоби 8 бар 1 мағлуб сохт. Дар сабқати ин гурӯҳ Эрон ва Тайланд бо шашимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор гирифтаанд. Дар гурӯҳи «С» тими Қирғизистон пас аз пирӯзӣ бар мунтахаби Австралия бо натиҷаи 5 бар 1 бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. Бар асоси низомномаи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо, ки шоми чоршанбе муайян мешаванд, рӯзи 26 май дар бозиҳои нимфиналӣ ширкат мекунанд.
Ва як хабар барои ҳаводорони шоҳмот. Дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Турини Италия ҷараён дорад, ширкат меварзад. Дар ин Олимпиада дастаҳои мунтахаби шоҳмоти беш аз 120 кишвари олам ширкат доранд. Ёқуб Раҳимов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи мазкур беҳтарин шатранҷбозони кишвар, аз қабили гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов, устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Рашид Ҳусейнов, шатранҷбозони ҷавону моҳир Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев, Елена Нуриддинова, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова ҳимоя мекунанд. Олимпиада то 4 июн идома хоҳад кард.