Панҷакент
Бонки Ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо созмони "Агроаксияи Олмон" як барномаи ҷадидеро мавсум ба "Рушди ҳавзаи дарёи Зарафшон" барои дастгирии воҳидҳои кишоварзӣ ва оилаҳои камбизоат оғоз кард. Симон Гройтер раҳбари барномаи мазкур, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин барнома коҳиши сатҳи камбизоатӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонону занони рустоҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақа мебошад.
Вай афзуд: "Мақсади барномаи "Рушди ҳавзаи дарёи Зарафшон" ба пуштибонӣ аз фаъолияти тавлидотии рустоҳои водӣ равона хоҳад шуд. Афзоиши тавлидоти кишоварзӣ таввасути истифодаи муассири замин, инкишофи зербунёдҳои деҳот, таъсис ва дастгирии сохторҳои ҷомеавӣ дигар аз ҳадафҳои барнома мебошад."
Ба таъйиди ҳамин манбаъ, иҷрои барнома дар се ноҳия Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ ҳамзамон шурӯъ мешавад. Ба гуфтаи Симон Гройтер, ин лоиҳа дар муддати се сол дар 235 деҳоти водӣ роҳандозӣ шуда ва беш аз 200 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол Сабоҳатулло Музаффаров, як тан аз коршиносони соҳаи кишоварзӣ, бар он ақида аст, ки барномаи мазкур дар ҳолати ворид накардани техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, бетаъмир гузоштани иншооти обрасонӣ дар гумон аст, ки муввафақ шавад.
Вай мегӯяд: "Онҳо ният доранд, ки деҳқонони моро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд, аз ҷумла бо бунёди шабакаҳои обрасонӣ, таъмини тухмӣ олоти кор. Хубтар мешуд, ки онҳо ҳамчунин деҳқононро бо техника, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин мекарданд."
Саидмурод Шодиев - намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар водии Зарафшон гуфт, таввасути созмондиҳии кумитаҳои рушди ҷамоатҳо амалӣ хоҳад шуд. Вай афзуд, ҳадаф аз таъсиси кумитаҳо, роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мардум, бахусус занони деҳот будааст:
"Барнома асосан барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона шудааст. Таъмини ҷойи кор барои ҷавонон, махсусан барои занҳо ва омӯзиши пешравиҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ аст. "
Ба гуфтаи оқои Шодиев, аъзои кумитаҳои рушди ҷамоатҳо минбаъд аз тариқи барнома бо ислоҳи камбуд ва рафъи мушкилоти воҳидҳои кишоварзӣ, ба хонаводаҳои камбизоат ва мардуми русто кӯмак хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Симон Гройтер - раҳбари барномаи "Рушди ҳавзаи дарёи Зарафшон" асосан барои воҳидҳои кишоварзӣ буда ва дар навбати аввал 50 фоизи шумораи умумии аҳолии водии Зарафшонро, ки ҳудуди 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, фаро хоҳад гирифт. Вай афзуд, қасд доранд, дар навбати дуввуми он дар соли 2010-ум ҳудуди 300 ҳазор нафар сокинони водиро ба ин барнома ҷалб намоянд, ки он 90 дар сади шумораи умумии аҳолии водиро ташкил медодааст.