Шикояти сокинони ноҳияи Сурхондарё аз фаъолияти Корхонаи алюминийи Тоҷикистон

Тошканд
Субҳи рӯзи ҷумъа дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд як гурӯҳ сокинони ноҳияҳои Сариосиё ва Узуни вилояти Сурхондарё ва намояндагони Созмони муҳитзистии "Экосан" намоиши эътирозӣ ташкил доданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, дар ин авохир газ ва партобаҳои Корхонаи алюминии тоҷик вазъи экологии ин навоҳиро, ки бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ҳаммарз аст, бо хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст.

Яке аз иштирокчиёни намоиш Муродулло Муҳаммадиев ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд, номаи худро, ки зери он чор ҳазор нафар имзо гузоштаанд, ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон бирасонанд, зеро дар ин авохир бемориҳои гуногун миёни аҳолии навоҳии онҳо афзуда ва сабаби фавти зиёд дар байни мардум шудааст.
Сафири Тоҷикистон дар Тошканд Ғуломҷон Мирзоев эътирозгаронро пазируфт ва изҳор кард, ки ин талаб ва муроҷиатномаи онҳоро ба ҳукумати кишвараш мерасонад.

Ба гуфтаи оқои Мирзоев, ҳукумати Точикистон чанде қабл ба манзури бозсозии Корхонаи алюминии тоҷик санадеро ба имзо расонд. Вай гуфт, мақомоти кишвараш барои ифлос накардани муҳити зисти атроф тасмим гирифтаанд, ки миқдори партобаҳои ин корхона ба ҳадди минималӣ коҳиш дода шавад.