Эмомалӣ Раҳмон: "Рисолати таърихии мо ҳанӯз анҷом наёфтааст."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сухан ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Душанбе, 8 сентябри соли 2026

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба муносибати 35-солагии истиқлолияти Тоҷикистон хомӯш кардани “оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро” муваффақияти бузурги кишвар, рушди солонаи наздики 8-дарсадии иқтисод ва ду баробар – то 11 миллион нафар расидани аҳолии Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлолият номид.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки 8 сентябр дар бинои Театри нави миллӣ барпо шуд, Раҳмон ҳамчунин аз дастовардҳову ҳадафҳои дигари кишвар ёдовар шуд.

Сулҳи тоҷиконро, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як таҷрибаи нодири байнулмиллӣ номид, дар ҳоле ки бо назардошти рӯйдодҳои пас аз соли 2015 ниҳодҳои байнулмилал аз зикри ин таҷриба худдорӣ мекунанд. Раҳмон гуфт: "Ин таҷриба аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, имрӯз низ таҷассуми иродаи қавӣ, масъулияти баланди миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад."

Ӯ, аз ҷумла, «бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ»-ро чун интихоби самтгирии асосии сиёсати ин кишвар номид, чизе, ки ба бовари мунтақидону мухолифони Тоҷикистон бештар дар коғаз мемонад.

Бо ёдоварӣ аз сахтиҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ, президенти Тоҷикистон борҳо онро "ҷанги таҳмилӣ" номид, вале нагуфт, ин ҷанг аз ҷониби кӣ ё киҳо ва бо чӣ аҳдоф таҳмил шудааст.

Раҳмон омори зиёдеро зикр кард, ки бояд баёнгари расидани Тоҷикистон ба як зиндагии серу пуру фаровон ва бо рифоҳ бошад, аммо раддабандиҳои байнулмилали маошу даромад ва сатҳи зиндагӣ ин натиҷаҳоро пуштибонӣ намекунанд.

Вай аз ҷумла афзуд, дар солҳои истиқлолият аз роҳи бунёди хатти баландшиддати «Ҷануб – Шимол» ва зеристгоҳҳои пуриқтидор тамоми кишр ба як шабакаи воҳиди энергетикӣ муттаҳид карда шуд ва ҳам изҳори итминон дод, ки баъди ба истифода додани агрегати сеюми нирӯгои “Роғун” дар соли 2027 Тоҷикистон ба ҳадафи пурра бо неруи барқ таъмин кардани аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ, яъне истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад.

Ин ҳарфҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки камбуди нирӯи барқ яке аз мушкилоти калидии тамоми солҳои истиқлолияти Тоҷикистон номида мешавад.

Раҳмон дар суханрониаш таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъиро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кардааст. Бархе мушкили таъмини интернети босифат ва баландсуръатро дар кишвар як монеае дар пешорӯи ин ҳадаф меноманд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба сиёсати хориҷии кишвар муроҷиат кард ва бидуни номбар кардани исми кишварҳои суннатии шарику ҳамкораш, “ҳамкориҳои густурдаи минтақавиро ба хотири таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ чун муҳимтарин самти сиёсати хориҷии давлат” номид. Ӯ аз ҷумла, гуфт, ду санади таърихӣ – шартнома бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ аз “дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ дар раванди ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ миёни кишварҳои мо мебошанд”.

Раҳмон бидуни зикри мушаххаси кадом мавзӯъ ё мушкили байналмилалие, “ба ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ” таъкид намуд. Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон то соли 2040 ба кишвари дорои иқтисоди саноативу технологӣ, «энергетикаи сабз», зерсохтори муосир ва сармояи инсонии рақобатнок табдил меёбад ва то соли 2050 бояд дар Тоҷикистон “иқтисоди ба дониш асосёфта” ташаккул ёфта “рушди фарогири технологияҳои рақамӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ” таъмин шавад.

Президенти Тоҷикистон аммо дар ин суханрониаш аз чанд мушкили дигари домангири доираи васеи ҷомеа, мисли коррупсияву фасод, тамаркузи қудрат дар дасти президент ва талоши бунёди ҳукумати оилавӣ, фишору азияти муҳоҷирони корӣ дар Русия ва мушкили пайдо кардани кор дар дохили кишвар ёдовар нашуд.

Яке аз хитобаҳои ӯ дар поёни суханаш, ки рисолаташ ҳанӯз ба поён нарасидааст, ишора ба он буд, ки дар ин зудиҳо ӯ аз раҳбарӣ ба Тоҷикистон канор рафтанӣ нест.