Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон заҳмати даҳҳо нафар бо ҷоизаҳо қадр карда шуд ва даҳҳо меҳмони фахрӣ аз кишварҳои гуногун ба Душанбе даъват шуданд. Дар байни онҳо нависанда ва публистисти намоён Адаш Истад, ки имрӯз ба синни 80 расид, набуд. Ҳол он ки ӯ шахсест барои рушди худшиносии миллӣ, мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ, эҳёи чеҳраҳои маъруфи таъриху фарҳанг, рушди адабиёти кӯдак нақши муҳим бозидааст.
Гуфтумони мо бо ӯ аз ёдоварии роҳи эҷодияш сар шуд.
Адаш Истад: Роҳи эҷодии ман аз он шурӯъ шуд, ки ман ба хондани афсонаҳои халқи тоҷик ва халқҳои дигар ва асарҳои фантастикии нависандагони русу хориҷа дар солҳои мактабхонӣ шурӯъ карда будам баъдан дар Донишгоҳи Самарқанд дар вақти таътил идома дода будам.
Ҳоло синнам ба 80 расидааст ва ба мушкил метавонам аз афсонаҳое ки хондаам комил ба ёд орам.Вале барои намуна метавонам аз афсонаҳои Самарқанд «Чумчуқчаи самарқандӣ»ро ба ёд орам, ки маро такон дода буд. Ва мардуми Самарқанд ин афсонаро фаромуш карда буданд ва онро аз нав навиштам. Яъне як парандаи кучак ҳам метавонад корҳои бузургеро анҷом диҳад чуноне як инсони хурд ҳам қодир ба корҳои бузург аст ин афсона маро такон дода буд. Ва ҳамчунин қиссаи Рустами достон ягона дастхати қадимаи суғдие, ёфт шуда буд ва як суғдшиноси рус Лившитс дар ин мавзуъ китоб нашр карда буд.
Ва дар он як афсона ҳаст, ки бисёр аҷиб дар бораи Рустами достон ҳаст чун мо Рустами паҳлавонро танҳо дар «Шоҳнома» мешиносем дигар дастхате нест.
Ва ман онро хондам ва аз дидгоҳи бадеӣ бо номи «Овозаи Рустам» дар маҷмуаҳоям нашр кардаам. Яъне достони Рустам ба зиндагии мардум таъсири мусбат дорад. Яъне ин афсонаҳою ривоятҳою қиссаҳо маро барои навиштани асарҳои бадеию фантастикӣ ҷалб карданд.
Радиои Озодӣ: Чаро фантастика, фантастикаи илмӣ ё science fiction Шуморо ба худ ҷалб кард? Чӣ чизе дар ин жанр бароятон муҳим буд?
Адаш Истад: Фантастикаи илмӣ аз он ҷиҳат маро ҷалб кард, ки мо мардуми тоҷик аз илму техника дур будем. Аз ин дидгоҳ ман ба ин ришта даст задам. Ва бо воситаи адабиёти русӣ мо имкон доштем. Бинобар ин кадрҳои муҳандисӣ ва фанноварӣ кам буд ва агар бача дар кудакӣ асарҳои фантастикаи бадеӣ хонад, ба ин соҳа шавқи зиёд пайдо мекунад ақлаш ҳам рушд хоҳад кард. Ҳамаи онҳое, ки ҷоизаи Нобел дарёфт кардаанд дар кудакӣ ошиқи фантастикаи бадеӣ будаанд. Ин ҳарфҳоро ман ҳавоӣ нагуфта истодаам, ин ҳама дар оморҳои илмӣ байналмиллалӣ зикр шудааст. Фантастикаи илмиро дар Аврупо «science fiction» мегӯянд, чун аввал дар Аврупо пайдо шуда буд.
Радиои Озодӣ: Дар осори худ, ба монанди “Одами барфӣ”, “Дарахти пахтачормағз”, «Суруди офтоб» талошатон ба чӣ равона шуда буд?
Адаш Истад: Дар замони шуравӣ сензура бисёр сахт буд, ҳатто адибони бисер нерумандамон наметавонистанд, дардҳоеро, ки режими диктотурии кумунистии шуравӣ ба сари мардуми тоҷик ба вуҷуд овард нависанд. Аз ҷумла якказироатӣ кишти тамоку дар Панҷакент ҳама бемор шуд ва хурӯҷи бемории сил дар Кулоб ин паҳлуҳои манфии онро навиштан мамнуъ буд. Дар асари худ “Дарахти пахтачормағз” бо баёни рамзӣ навиштам, ки якказироатӣ барои ҷомеъаи тоҷик хатар дорад ва ҳатто ба нобудии ҷомеъа боис шавад. Вақте ки инро навиштам дар Тоҷикистон намехостанд, нашр кунанд ва онро ба русӣ тарҷума кардам ва дар як семинари фантазиянависони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав бурдам. Баҳои баланд гирифт. Пас аз он вақте баргаштам дар «Садои Шарқ» чоп шуд. Фотеҳ Ниёзӣ ба назди Турсунзода даромада гуфтанд, ки Шавкат Ниёзӣ бисёр ин асарро ситоиш карданд ва баҳои баланд гирифт устод Турсунзода хурсанд шуданд.
Ман бо намунаҳо навиштам, ки дар фалон сайёра якказироатӣ зарари ҷиддӣ пеш овардааст ва дар Итиҳоди нависандагон гуфтанд,ки “Дарахти пахтачормағз” нашр шудааст хуб аст чун дар бораи кадом сайёра навишта шудааст, ки ба Тоҷикистон иртибот надорад. Ин роҳи маро барои навиштани дигар ҳикояҳои фантастикӣ боз кард.
Радиои Озодӣ: Яъне бо истифода аз жанри хаёлпарвар мешуд, сонсурро давр зад, не?
Адаш Истад: Оре, дар навиштани ҳикояҳои фантастикӣ ҳамеша воқеиятро дар пеши назари худ доштаам. Ҳадафам нишон додани воқеияте буд, ки он замон намешуд, ошкоро баён кард, балки бо тасвири як ҳолати мӯъҷизавӣ ё воқеае дар ояндаи дур ё сайёраи дигар. Агар воқеият ба масал шир бошад, афсона ва фантастикаи бадеӣ қаймоқ ё равғани маскаи он аст. Ин жанри бисёр душвор аст, ба маротиб душвортар аз насри реалистӣ.
Радиои Озодӣ: Шумо ҳамчун рӯзноманигор ба доғтарин масъалаҳои Тоҷикистон руҷуъ карда, аввалин шуда бисёре аз онҳоро ба миён гузоштед. Оё таъсири он навиштаҳои худро дидаед?
Адаш Истад: Медонед вазифаи журналист фазои маънавиро ба вуҷуд овардан аст. Яъне фикри ҷомеаро дар атрофи масъалаи доғи ҷомеа шакл додан аст. Агар мансабдорон дар паи ҳалли масъала кӯшиш накарданд, инро ба виждони онҳо ҳавола карда мешавад. Инҷо камбуди журналист нест. Ба унвони мисол ман чанд маротиба дар бораи зарурати дар Душанбе таъсис додани музейи архитектураи мардумӣ дар мисоли шаҳри Тифлис навиштам, аҳамият дода нашуд.
Лекин дар шаҳри Тошканд 35 галерея ва музей ҳаст. Тошканд ҳам пойтахт Душанбе ҳам пойтахт аст. Дар Душанбе чандто музею галерея ҳаст? Мо худамонро мардуми таърихӣ мегуем, вале мо чӣ дорем барои сайёҳон чиро нишон медиҳем? Ман то даҳ мақола нашр кардаам, вале таваҷҷуҳ зоҳир нашуд.
Мо музейи адабӣ ҳам надорем. Дуруст аст, ки музейи устод Айнӣ дорем ё Музеи Турсунзода чанд адиби дигарро дорем ,вале инҳо дар замони шҳууравӣ бунёд карда шудаанд. Мо таъриихи қадима дорем ва таъсиси як музеи адабӣ муҳим аст.
Радиои Озодӣ: Эҳёи симои таърихии Борбади Марвазӣ аз бисёр ҷиҳат ба талошҳои Шумо бастагӣ дошт. Вале магар бе ризоияти ҳокиони вақт ин кор имкон дошт?м
Адаш Истад: Азбаски ба мусиқии классикии мо шарикони дигар ҳам пайдо шуданд ва ин шарикони мо ҳамсояҳои мо онро моли худ меҳисобанд, зарурат пеш омад, ки решаҳои қадимтарини «Шашмақом»-ро дарёбем. Ман чаро бештар ба ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ дорам? Чунки ҳанӯз ҷомеъаи мо дарки он нарасидааст. Вақте омӯхтем, дидем дар ҳамон сол зодрӯзи мусиқидон «Борбади Марвазӣ» 1400 сол баробар шудааст. Мо машварат кардем, ки ҷашни Борбадро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ истиқбол кунем. Мусиқишиносон аз Эрону Афғонистон ҳам ширкат кунанд.
Вақте ки ман ба Акбар Ҷӯраев, корманди Шӯъбаи пропагандаи Кумитаи марказӣ расондам эшон гуфтанд, ки аз раиси Шуъба Бобосодиқова иҷоза дарёфт карда шавад. Баъдтар Ҷӯраев гуфт, ки Бобосодиқова як шарт пешиниҳод кардаанд, ки агар Адш Истад сад мақола дар бораи Борбад навишта дар саҳифаҳои матубот нашр кунад иҷозаи ҷашнро хоҳад дод.
Мо ҳамин корро кардем. Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир дар васфи Борбад шеър навиштанд ва донишмандони Фарҳангистони улум таърихшиносон мақолаҳо навиштанд ва вақте ин ҳамаро ба Бобосодиқова пешниҳод кардем, эшон розӣ шуданд. Офарин ба Бобосодиқова ин кори осон набуд, чунки низоми куммунистӣ ба осонӣ иҷозат намедод. Ватандӯсти асил будаанд. Пешниҳоди ман барои додани номи Борбад ба қасри консертӣ низ пазируфта шуд. Ин ҳам як бахши талоши рӯшанфикрон барои бедории миллӣ буд. Пас аз Борбад масъалаи забони давлатӣ доғ шуд. Ситоди махфӣ барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ дар шӯъбаи фарҳанги ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» таъсис ёфта буд бо ибтикори камина. Хеле корхои зиёде карда будем, ки аз онҳо ки алоқаманд буданд, хабар доранд. Масъалаи эҳёи расмулхати ниёкон низ яке онҳо буд, аммо ба иҷро нарасидааст, ҳарчанд талошҳо сол ба сол афзоиш меёбанд.
Радиои Озодӣ: Давраи дигари эҷодиёти худро дар Самарқанд чӣ гуна баҳо медиҳед? Муҳимтарин дастовардҳои он кадомҳоянд?
Адаш Истад: Ман ҳоло дар Самарқанд дар мавзуъҳои мухталиф менависам ва ҳатто дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ҳам ба нашр мерасанд. Дар масъалаи баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ҳам навиштам. Яъне то андозае эҷоди бадеӣ ба ҷои дуюм гузашт ва ба публистика ру овардам .Баъзеи масъалаҳоро дар ҳикояҳоям менависам. Ман блог таъсис додам дар Самарқанд бо номи «Герби шердор» ба роҳ мондам. Барои он чунин ном ниҳодам, ки дар оғози Истиқлолияти Тоҷикистон герби кишвар шер болдор дошт, ки рамзи бостонии мост. Солҳои охир бештар дар Фейсбук ва Телеграм фикру андеша ва пешниҳодҳои худро нашр мекунам ва бо мардуми худ дар тамоси ҳаррӯза ҳастам.
Радиои Озодӣ: Оё ҳаёти адабии адибони бурунмарзӣ бо Тоҷикистон пайванд дорад? Ин ҷо чӣ бурду бохте ба назаратон мерасад?
Адаш Истад: Замоне ки Муъмин Қаноат раиси Иттифоқи нависандагон буд ва дар давраи Аскар Ҳаким ва Меҳмон Бахтӣ вазъият комилан дигар буд. Муносибат байни ду кишвар чандон хуб набуд, вале адибони Узбекистонро як ҷузъи муҳими аҳли адаби Тоҷикистон ҳисоб мекарданд. Даро даҳсоли ахир ҳамин чиз ба ҳадди нестӣ расидааст. Ба анҷуманҳо даъват намкардагӣ шуданд. Беэътиборӣ ба он сабаб шуда,ки асарҳои адибон дар Иттифоқи нависандагон аз ғалбери танқиди адабӣ намегузарад. Ҳатто дар гузоришҳое, ки омода мекунанд номи онҳо оварда намешавад.
Ҳоло дар бораи нависандагоне адибоне ки берун аз кишвар эҷод мекунанд ва ба шеваи мудерн асар эҷод мекунанд аслан ҳарфе гуфта намешавад. Масалан Шаҳзодаи Самарқандӣ дар Аврупо ҳам чанд румон навишт, ки анъанавӣ нестанд ва ба мудернита тааллуқ доранд. Ҳамин тавр дар бораи Фирдавси Аъзам, Шоҳмансури Шоҳмирзо мешавад ҳаминро гуфт. Вале дар гузоришҳои Иттифоқи нависандагон ном бурда намешаванд. Ҳатто номи Фазлиддин Муҳаммадиевро намегиранд Устод Улуғзодаро ном намегиранд. Масалан дар панҷ сол 21 роман навишта шудааст ва ин ҳамаро миёнаҳол гуфта намешавад. Аввал ба танқиди адабӣ кашида шаванд, камбудию пешрафтҳояшон гуфта шудавад. Дар бораи адабиёти кӯдак чизҳое гуфта намешавад, муҳокима намекунанд. Муҳити адабӣ мисли ин ки яхзада шудааст.