Дар рӯзҳое, ки соли хониш ба поён расида, хонандагон дар фикри таътил ҳастанд, шуморе аз волидон ва ба вижа маъмурони соҳаи маорифи Қирғизистон дар ташвишанд, ки чӣ гуна то оғози соли нави таҳсил норасоии муаллимон, таъмири мактабҳо ва дигар камбудиҳоро бартараф хоҳанд кард.
Азамат Бекенов, сокини маҳаллае дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон мегӯяд, писараш дар ибтидои соли хониш муаллими риёзӣ ё математика надошт. Онҳо маҷбур шуданд, ки тавассути эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ номзадеро ба ин мақом пайдо кунанд. Ин мушкил дар муассисаҳои дигари таълимӣ низ ҷой доштааст.
Насиҳат Сариева, мудири мактабе дар Қирғизистон мегӯяд, “пайдо кардани муаллими илмҳои дақиқ, мисли физикаву риёзӣ осон нест. Дар соли нави хониш мо бо камбуди омӯзгорон рӯ ба рӯ хоҳем буд. Дар миёни муаллимони ҷавон танҳо як нафар мард аст. Дигарон ҳама зан ҳастанд ва аксари онҳо хонумҳое ҳастанд, ки баъди издивоҷ ба минтақаи мо кӯчидаанд”.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Хабарнигори "Франс Пресс" менависад, афзоиши босуръати аҳолӣ, камбуди сармоягузорӣ, китобҳои дарсӣ ва мактабҳои кӯҳнаву валангор ҳукумати Қирғизистонро ба ислоҳоти низоми маориф водор кардааст.
Ҳоло дар Қирғизистон камбуди як ҳазор муаллими мактаби миёна ҷой дошта, аз миёни тахминан ҳафтуним миллион аҳолӣ беш аз 40 дарсад аз 18-сола поин будааст.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон хотирнишон кардааст, ки дар даҳ соли гузашта шумораи хонандагон 50 дарсад ва ё ним миллион нафар бештар шудааст. Ба гуфтаи раҳбари Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир 22 дарсади буҷети ин кишвар ба соҳаи маориф ихтисос дода шудааст.
Мақомдорон аз ҳоли ногувори низоми маориф огаҳ буда, талош доранд, вазъро тағйир диҳанд. Дар байни солҳои 2021-2025 дар он кишвар 400 муассисаи нави таълимӣ боз шудааст. Вале тибқи омори ҳукумат аз миёни 2400 мактаби миёнаи Қирғизистон камаш 113-тоаш ба таъмири фаврӣ ниёз доштаанд.
Як муаллимаи таърих дар мактаби миёна ба хабарнигори "Франс Пресс" шикоят кардааст, ки дар мактабаш дар шаҳри шарқии Қароқул на компютер ҳаст, на кадом василаи муосири таълим ва ҳатто лавҳае ҳам вуҷуд надорад.
Дар давоми сӣ соли ахир фурӯпошии робитаҳои иқтисодӣ, муҳоҷират, ноамнии иҷтимоиву сиёсӣ ба монеаи ҷиддии рушди он кишвар табдил ёфтааст. Ҳанӯз ҳам даромади моҳонаи чоряки аҳолии Қирғизистон камтар аз 50 евро ё худ каме баштар аз 500 сомонӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Қирғизистон муддати таҳсилро дар мактабҳои миёна аз 11 то 12 сол тамдид карда, ҳамзамон бо сохтмони мактабҳои нав маоши муаллимонро боло бурд. Бар илова ин ҷумҳурии собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ аз Русия китобҳои нави дарсии замонавӣ дархост кардааст.
Созмонҳои ғайридавлатӣ кӯшиш доранд, ки ба воситаи ҷалби мутахассисони лаёқатманд камбуди муаллимонро коҳиш диҳанд. Яке аз иштирокчиёни ин барнома муаллимаи 30-сола Қанкей Советова аст, ки дар як деҳаи Қирғизистон бо таълими забони англисӣ машғул аст.
"Ин ҷо хуб аст, ки низоми таълим пойбанди қолабҳои куҳна нест. Мо кӯшиш мекунем, ки нерӯи кӯдаконро бо таваҷҷуҳ ба шавқу рағбати онҳо ба таҳсил ҷалб кунем. Аз замоне, ки ман ба инҷо омадам, чанд гурӯҳ боз намудем. Яке аз онҳо гурӯҳи наққошӣ аст. Ман ба ҳар кӯдаке, ки ба наққошӣ шавқ дорад, имкони омӯзиши расмкаширо медиҳам", - гуфт Қаникей Советова.
Дар як мактаби дигар овозхонҳои шинохтаи опера ҳунарнамоӣ намуданд ва акнун шуморе аз муҳассилин орзу доранд, ки рӯзе овозхон мешаванд.