Дар Душанбе мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Наврӯз доир мешавад

Дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 22-юми март мусобиқаи гуштии миллӣ (гуштигирӣ) баргузор мегардад.

Ин мусобиқа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои варзишии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии гуштигирӣ доир хоҳад шуд.

Дар мусобиқа дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаи Рашт ва дастаи Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои варзиши суннатӣ доир гардида, ғолибони ҳар давр соҳиби туҳфаҳо мегарданд. Ба ғолиби мутлақи мусобиқа шоҳҷоиза - мошини сабукрав – тақдим хоҳад шуд.

Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ ба ғайр аз гуштигирӣ, инчунин камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойгаи давандаҳо, тирандозӣ, дастхобонӣ ва ғайра шомиланд. Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 22-юми март ҳамчун Рӯзи гуштигирӣ таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллӣ – «гуштигирӣ» - мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.