Яке аз чунин роҳҳо дар деҳаи Дарқади ин ноҳия сохта мешавад. Роҳҳои вайрони ин деҳа бозмонда аз давраи Шӯравӣ мебошанд. Сокинон солҳо бо азоб аз он мегузаштанд. Ҳоло пул ҷамъ меоранд, то кӯчаҳои зодгоҳашонро мумфарш кунанд.
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, "бо 34 миллион сомонӣ шаст километр роҳ сохта ва ба истифода дода шуд. Ин аз ҳисоби мардум. Як ё ду сомонӣ не. Мардум худаш ҷамъ карду сохт. Мо бо техника дастгирӣ кардем".
Дар ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ таъмири роҳҳои мошингард ҷараён доштааст. Ба иттилои расмӣ, то моҳи январи имсол дар ин минтақа 728 километр роҳ мумфарш шудааст, ки харҷи 628 километри онро соҳибкорон доданд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон моҳи феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "ноҳияи Фархор умуман дар ҷалб, фаъолии мардумаш дар роҳсозӣ ҳамавақт пешсаф буд. Асосан аз ноҳияи Фархор оғоз шуд. Ҳамадонӣ ва Данғара низ ҳастанд. Се ноҳияе, ки пешсафанд".
Раиси вилояти Хатлон гуфт, мардум ҳангоми бозсозии роҳҳо аз нарасидани техника азият мекашанд ва ин масъаларо бо Вазорати нақлиёт дар миён гузоштанд.
Аксар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шудаанд, кӯҳнаву фарсуда ҳастанд ва барои таъмири ҳарсолаи онҳо миллионҳо доллар зарур аст.
Баъзе аз онҳо ба мисли роҳи Ашт-Хуҷанд ба далели худкифо набудани буҷаи ноҳия то ҳол таъмири куллиро надидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз тарғиб мекунад, ки соҳибкорону сокинон ва муҳоҷирон роҳу мактабу пулу бемористон созанд.
Ба мисли тақрибан 100 сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, ки се миллион сомонӣ, муодили беш аз 300 ҳазор доллар пули ҳаҷҷи умраву фарзии худро сарфи ободӣ ва хидматрасониҳои иҷтимоӣ кардаанд. Ҳарчанд маълум нест, ин кор ихтиёрӣ сурат гирифтааст ё маҷбуриву зери фишор.
Норозиён дар хориҷа низ ҳукуматро танқид мекунанд, ки пули буҷаро бештар дар чорабиниҳои пурдабдаба сарф карда, аз шахсони хайрхоҳ мехоҳад, ки вайрониҳои маҳалли зисташонро дуруст кунанд.
Дар ҳар сурат, сокинони деҳаи Дарқад дар ноҳияи Фархор аз он хушҳоланд, ки роҳи вайрона бозсозӣ ва гузаштан аз он осон шуд, ҳарчанд барои расидан то ин ҷо душвориҳои зиёдеро паси сар карданд.