Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, ки ҳамлаи 28 феврал ба мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Миноб дар ҷануби Эрон, ки боиси кушта шудани даҳҳо кӯдак шуд, бояд ба унвони "ҷинояти ҷангӣ" таҳқиқ карда шавад.
Human Rights Watch дар изҳороте, ки рӯзи шанбеи 7 март нашр шуд, гуфт, мактаби “Шаҷараи Тайиба” дар наздикии як маҷмааи баҳрии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҷойгир шудааст, аммо баррасӣ нишон додааст, ки бинои мактаб аз бахши боқимондаи маҷмаа бо девор ҷудо буда, он дарвозаи мустақил ба кӯча дорад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамла ба мактаб дар байни садҳо ҳамлаҳое ба амал омад, ки субҳи он рӯз нерӯҳои Исроил ва ИМА дар қисматҳои гуногуни Эрон анҷом додаанд. “На Иёлоти Муттаҳида ва на Исроил масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтаанд ва сухангӯи низомии Исроил ба Human Rights Watch гуфт, ки "аз ҳеҷ гуна ҳамлаи [низомиёни Исроил] дар ин минтақа огоҳ нест", омадааст дар изҳорот.
Мақомоти Эрон эътилофи ИМА ва Исроилро дар ин ҳамла айбдор карда, гуфтаанд, дар он зиёда 160 кӯдак ба ҳалокат расидааст.
Вазири дифоъи ИМА Пит Хегсетт қаблан дар посух ба суоле дар бораи ҳамла гуфта буд: "Ман танҳо метавонам бигӯям, ки мо тафтишотро анҷом медиҳем ва мо ҳеҷ гоҳ маконҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор намедиҳем." Вазири корҳои хориҷии ИМА Марко Рубио низ гуфтааст, ки ИМА "қасдан мактабро ҳадаф қарор намедиҳад."
Human Rights Watch мегӯяд, ки намунаи зарбаҳое, ки ба биноҳои гуногуни маҷмаа, аз ҷумла мактаб, зада шудаанд ва нуқоти бархӯрди онҳо нишон медиҳанд, ки ҳамла "бо муҳимоти ҳидоятшавандаи дақиқ анҷом шуда, ба назар намерасад, ки натиҷаи корбурди силоҳҳои хатокор, корношоямии низомҳои нишонгир ё бархӯрди тасодуфӣ бошад." Созмон талаб кардааст, ки ҳамла ба таври дақиқ ва мӯшикофона таҳқиқ карда шавад.