Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳур ва яке аз се узви Шӯрои роҳбарии муваққати Эрон, дар як паёми видеоӣ рӯзи шанбе аз кишварҳои ҳамсоя бахшиш хост ва эълон кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дигар ба ин кишварҳо ҳамла нахоҳанд кард.
Ӯ инчунин "таслими бечунучаро"-и Ҷумҳурии Исломиро рад кард, чизеро, ки президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи ҷумъа талаб намуда буд.
Раисиҷумҳури Эрон дар паёми нави худ эътироф кард, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта пас аз оғози ҳамлаи якҷояи ИМА ва Исроил ба Эрон, ки боиси марги раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ низ шуд, "бар пояи иродаи худ" амал кардааст.
Қаблан, вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ароқчӣ низ ба ин нукта ишора карда, дар мусоҳиба бо як расонаи хориҷӣ гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳамла ба кишварҳои арабии халиҷ "мустақилона" амал мекунанд.
Талош ба ҷанги минтақаӣ
Пас аз оғози ҳамла ба қаламрави Эрон, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дарҳол кишварҳои арабро ҳадафи мушак қрор дод ва ин раванд дертар то ба Озарбойҷон низ паҳн шуд. Мақомоти Эрон ҳамла ба Озарбойҷонро рад карданд.
Амалҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта вокунишҳои шадиди кишварҳои араб ва Озарбойҷонро ба бор оварданд.
Раиси ҷумҳури Эрон дар паёми худ таъкид кард, аз ин ба баъд Эрон ба кишварҳои ҳамсоя танҳо дар сурате ҳамла хоҳад кард, агар аз қаламрави онҳо ба Эрон зарба зада шавад.
Дар айни замон, Масъуди Пизишкиён рӯзи шанбе ба ҳамсоякишварҳои Эрон, ки ба гуфтаи ӯ, дар талоши тавтеъа зидди Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд, ҳушдор дод: "Пиёдаҳои империализм набошед, агар мо ихтилоф дошта бошем, биёед нишинем ва онро ҳал кунем..."
Дар паёми худ ӯ инчунин аз мухолифони ҳукумат ва норозиён дар кишвар даъват кард, ки "ҳама ихтилофот ва норозигиҳоро як сӯ гузоранд ва аз об ва хок дифоъ кунанд".
Даъват ба таслим
Изҳороти Пизишкиён дар ҳоле садо медиҳад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз низомиён, афсарони полис ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон даъват кардааст, ки силоҳҳояшонро ба замин гузошта, аз пуштибонии рӯҳониёни ҳоким дар ин кишвар даст кашанд. Дар иваз, ба қавли Трамп, ба онҳо "масунияти комил" аз ҳар гуна ҷазо ваъда мешавад.
"Мо ҳар соат мушаку паҳподҳои Эронро маҳв мекунем. Касе бовар намекард, ки бо чунин суръат аз байн бурдани онҳо имкон дорад... Мо низомиёни нерӯмандтарин дар рӯйи олам дорем. Нерӯи баҳрии Эрон аз байн бурда шуд. Дар се рӯз 24 киштӣ маҳв гашт. Ин миқдори бузург аст. Силоҳи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои ҳавоии онҳо аз байн бурда шудаанд,” – афзуд раисҷумҳури Амрико.
Такя ба курдҳо
Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, аз ҳамлаи гурӯҳҳои курд ба Эрон ҳимоят мекунад. Вай дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтерс" гуфт, "фикр мекунам, бисёр хуб аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Ман комилан аз он ҳимоят мекунам". Бо ин ҳол, ӯ дар бораи инки оё Амрико барои ҳамлаи гурӯҳҳои курд мадад кардааст ё не, аз изҳори назар худдорӣ кард.
Дар рӯзҳои охир шуморе аз расонаҳо гузориш додаанд, ки ниманизомиёни курди эронӣ бо Амрико дар бораи инки чӣ гуна метавонанд ҳамлаҳоро алайҳи нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ оғоз кунанд, машварат кардаанд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 5-уми март гуфт, кишвараш барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии заминӣ омода аст ва афзуд, чунин иқдоме “барои душманони Ҷумҳурии Исломӣ фоҷеабор хоҳад буд”.
Дар ҳоле ки Амрико ва Исроил ба ҳамлаҳои худ алайҳи Эрон идома медиҳанд, Ароқчӣ ба шабакаи хабарии NBC News гуфт, "мо мунтазири онҳо ҳастем" ва афзуд, "мо итминон дорем, ки метавонем бо онҳо муқобила кунем ва ин барояшон як фоҷеаи бузург хоҳад буд".
Тағйири масир?
Яке аз роҳкорҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба низоъ ҷалб кардани кишварҳои дигари Ховари Миёна буд. Аз 28 ферал гирифта, кишварҳои ҳампаймони Амрико дар Халиҷи Форс бо ҳамлаҳои мушаку паҳподҳои Эрон дучор шуданд.
Мушаку паҳподҳои Эрон ба Исроил, Туркия, Озарбойҷон, Кипр ё Қибрис ва ҳатто Шри Ланка расидаанд. Шри Ланка дар масофаи 3900 километр аз Эрон қарор дорад ва дар онҷо киштии зериобии Амрико як киштии ҷангии Эронро маҳв кард. Агар дастури Шӯрои муваққати раҳбарӣ, ки президент Масъуди Пизишкиён аз он хабар дод, аз тарафи нерӯҳи мусаллаҳи Эрон, бахусус Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ амалӣ гардад, эҳтимол меравад, вазъ дар минтақаи бо тағйир рӯбарӯ хоҳад шуд.