Садҳо донишҷӯи тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд

Соли 2025 қариб 600 донишҷӯи тоҷикро аз Русия ихроҷ кардаанд. Ин оморро Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маорифи Тоҷикистон 30-юми январ дар нишасти хабарӣ эълон кард.

Ба гуфтаи муовини вазир, 600 донишҷӯи рондашуда дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсилро давом доданд.

Лутфия Абдулхолиқзода афзуд, моҳи ноябри соли гузашта дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик аз Русия баррасӣ шуд ва иҷозаи бозгашти 730 донишҷӯ ба даст омад. Инҳо донишҷӯёне будаанд, ки давоми ду соли ахир аз Русия ихроҷ шуда буданд.

Лутфия Абдулхолиқзода гуфт, онҳо ба Русия ҳуҷҷатҳое пешниҳод карданд, ки нишон медиҳад, 730 донишҷӯ беасос хориҷ шудаанд. “Баъди ин аз ҷониби Русия пешниҳод шуд, ки тайёр ҳастанд 730 нафарро қабул кунанд."

Вале ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат аллакай қисми зиёди ин ин донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии кишвар интиқол ёфта, таҳсилро идома медоданд ва "нахостанд ба Русия баргарданд”.

Солҳои ахир шикоят аз мушкил шудани вуруди донишҷӯён ба ҳудуди Русия зиёд аст. Аксаран донишҷӯёни тоҷик ҳангоми бозгашт аз таътил ба Русия ё марзро гузашта наметавонистанд ё ба донишгоҳ роҳ намеёфтанд. Мақомоти кишвар гуфта буданд, Русия сабаби рондани донишҷӯёнро шарҳ намедиҳад.

Ин дар ҳолест, ки донишҷӯён муҳоҷирони корӣ ба шумор намераванд ва тибқи созишномаи дуҷониба ба донишгоҳҳои Русия пазируфта мешаванд.