Эълони нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ барои соли 2026

Зойирони тоҷик дар Ҳаҷ

Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ барои соли 2026-ро эълон кард. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол нархи сафари ҳаҷ барои ҳар зоир 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Ин маблағ назар ба соли гузашта 4 ҳазор сомонӣ камтар аст. Зоҳиран паст шудани қурби доллар дар баробари асъори милли сомонӣ боиси коҳиши нархи сафари ҳаҷ шудааст.

Дар Кумитаи дин гуфтанд, нархи сафари ҳаҷ моҳи декабри соли гузашта муқаррар шуда, довталабон аллакай маблағҳои худро супориданд. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 5-6 ҳазор кас барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Соли 2025 Арабистон барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда буд.

Дар назар аст, ки имсол зоирон тақрибан моҳи май ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Кумитаи дини Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ бидуни раводиди ҳаҷ ба Арабистон сафар накунанд, чун метавонанд боздошт шаванд.

Ҳаҷ яке аз панҷ рукни дини Ислом аст ва адои он барои мусалмонони доро ҳатмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон танҳо Кумитаи дин ҳақ дорад сокинонро ба ҳаҷҷи фарзӣ фиристад. Қаблан ин ниҳод ба сокинон ҳушдор дода буд, ки барои адои ҳаҷ танҳо аз роҳҳои қонунӣ сафар кунанд ва аз талоши вуруд ба Макка бо роҳҳои ғайриқонунӣ худдорӣ варзанд. Дар акси ҳол имкон дорад аз сӯйи кишвари мизбони ин маросим, яъне Арабистони Саудӣ то 20 ҳазор риёл, муодили 5400 доллар, ҷарима шаванд.

Назарҳо ба адои ҳаҷ дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон нест. Як гуруҳ ба ин назаранд, ки бо даст додани имконият бояд ин фаризаи диниро иҷро кард, вале гуруҳи дигар пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаҷ аз ҷумла ҳаҷҷҳои такрорӣ бояд дар дохили кишвар ҷойеро обод кард.