Дар пайи ҳамлаи маргбори рӯзи 24 декабр ба марзбонони тоҷик дар сарҳад бо Афғонистон, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Дар ин ҳамла ду афсари тоҷик ҷон бохтанд.
Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон рӯзи 27 декабр дар маросиме дар Кобул ба муносибати 46-уми солгарди ҳамлаи Шӯравии пешин ба Афғонистон гуфтааст, "дар бораи ҳодисаи Тоҷикистон бо ҷиддият таҳқиқотро оғоз кардаем".
Ин мақомдори ҳукумати Толибон бо ишора ба кушта шудани марзбонони тоҷик гуфтааст, ки "ҳалқаҳои муғриз" мехоҳанд робитаҳои Тоҷикистон ва Толибонро барҳам бизананд. Аммо Муттақӣ аз кадом кишвар ё гурӯҳе ном набурдааст.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, таҳқиқоти ҳамла ба марзбонони тоҷик аз хоки Афғонистон оғоз шудааст ва бо ҳамтои тоҷикаш тавофуқ кардаанд, ки барои пешгирӣ аз такрори чунин рӯйдодҳо ба таври муштарак кор кунанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ва расонаҳои Тоҷикистон то кунун дар мавриди тамоси телефонии Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Толибон хабаре нашр накардаанд.
Ин дувумин гуфтугӯи телефонӣ миёни Сироҷиддин Муҳриддин ва Амирхони Муттақӣ дар як моҳи ахир аст. Онҳо дар оғози ин моҳ ва пас аз ҳамла ба коргарон ва роҳсозони чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон, гуфтугӯ карда буданд. Дар ин ду ҳамла панҷ коргари чинӣ кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуда буданд.
Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 25-уми декабр бо нашри изҳороте дар пайванд ба ҳодисаи кушта шудани марзбонон гуфт, ки он дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.
Тибқи изҳорот, дар ин ҳамла Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ кушта шудаанд. Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса се ҳамлавар аз Афғонистон низ кушта шуда, аз онҳо се мусалсал ё автомат, се туфангча, 10 норинҷаки дастӣ, як дурбини шаббин, маводи тарканда ва муҳиммоти дигари ҷангӣ мусодира шудааст. Ҷониби Тоҷикистон онҳоро "аъзои ташкилоти террористӣ" хитоб кард, аммо нагуфт, ки узви кадом созмони тундрав ҳастанд.
Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар изҳороти худ ҳукумати "Толибон"-ро ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ ва ваъдаҳояш ҷиҳати таъмини амният дар марз ва мубориза бо гурӯҳҳои тундрав муттаҳам намуда, аз раҳбаронаш хостааст, аз мардуми Тоҷикистон маъзарат пурсанд.
Толибон аз ин қабл ва дар пайи куштани коргарон ва роҳсозони чинӣ дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон гуфта буданд, ки таҳқиқотро оғоз карда, дар ин робита чанд нафарро низ боздошт намудаанд. Вале бо гузашти як моҳ натиҷаҳои таҳқиқоти худро эълон накардаанд.