"Хашм, ҳамдардӣ ва эътирози нарм". Вокунишҳои гуногун ба қатли Қобилҷон

Маросими хоксупории Қобилҷон дар Шаҳринав.

Фарҷоми талхи кӯдаки 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дар Русия дили ҳазорон нафарро реш ва онҳоро водор ба ҳамдардӣ кард. Мақомот зери фишори чунин вокуниш низ садо баланд намуданд, вале порлумон ва ҳизбҳои сиёсии дохили кишвар дар баробари он хомӯширо авло донистанд.

"Ҷанбаи мусбат ин буд, ки ҳама бо ин хонавода ҳамдард буданд, аз сар то сари кишвар изҳори ҳамдардӣ ва ёрӣ мекарданд. Муҳоҷирон аз ҳама бештар. Яъне вокунише, ки тамоми ҷомеаро фаро гирифт, дар назар дорам ҷомеаи оддиро, онҳое, ки ғайрирасмӣ ҳастанд", -мегӯяд ҷомеашиноси тоҷик Музаффар Олимов.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик.

Вокунишҳои густардаи мардумиро таҳлилгари тоҷики муқими Аврупо Хурсанд Хуррамов "намоиши инсонмеҳвариии ҷомеаи Тоҷикистон" медонад, ки бисёре аз мардум "дар чунин мусибатҳо бетараф нестанд ва ҳадди аксари кӯмаку дастгириашонро дареғ намедоранд".

Дар рӯзҳои аввали ҳодиса мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки минбари асосии афкори иҷтимоӣ буд, хеле бо асабоният ва хашм изҳори назар мекарданд ва фоҷеаи Қобилҷонро ҳосили руҳияи муҳоҷирситезии бархе аз чеҳраҳои давлативу сиёсии Русия медонистанд, ки ба гуфтаи онҳо, кайҳост ба як низоми шаклгирифта табдил шудааст.

Ҳамин буд, ки матраҳ накардани қазияи қатли Қобилҷон аз сӯйи Шамсиддин Бобоев, хабарнигори тоҷик, ки ба нишасти ҷамъбасти сол ва суолу ҷавоб бо президенти Русия Владимир Путин раҳ ёфта буд, мавҷи хашму асабониятро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто расонаҳо бештар кард.

Бархӯрди вазоратҳо

Вазорати корҳои хориҷӣ сафири Русия дар Тоҷикистонро эҳзор карду нотаи расмӣ супурд ва ниҳодҳои дигар, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Шӯрои амният, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Вазорати маориф бо ҳамтоёни руси худ ин ҳодисаро ба баҳс кашиданд, вале хомӯшии вакилону порлумону ҳукумати Тоҷикистон ва мавзеъгирӣ накардани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дудастагиро эҷод карда буд.

Бархе аз мансабдорону фаъолони наздик ба ҳукумат ва чеҳраҳои рӯ ба Русия дар талоши поин овардани руҳияи мардум буданд ва ҷомеаро тарс медоданд, ки "ин гуна ҳаводис дар ҳама ҷо мешавад, ниҳодҳои давлатӣ вокуниш карданд, бояд дар фикри муҳоҷирони дигар бошем ва равобити кишварамонро бо Русия, ки шарикӣ стратегӣ аст, хароб накунем".

Музаффар Олимов сабаби хомӯшии порлумон ва ҳизбҳои сиёсиву расонаҳои давлатиро ба беҷуръатӣ, номустақилӣ ва набудани имкониат барои изҳори мавқеи худ рабт медиҳад, ки ҳама мунтазир буданд, оё вокуниши шахси аввал чӣ гуна мешавад.

Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари тоҷик муқими Аврупо.

"Он чӣ аз вохӯрии президент бо Путин дар Санкт-Петербург ва изҳори ҳамдардии раҳбари Русия нашр шуд, аз он гувоҳӣ дод, ки инҳо то як андоза қаноатманд шуданд, ки мана, раҳбари Русия изҳори ҳамдардӣ кард, на бештар аз ин",-мегӯяд Олимов.

Хурсанд Хуррамов бар ин аст, ки Тоҷикистон вокуниши расмии сиёсӣ надошт ва бархӯрд хеле мулоим сурат гирифт. "Дар Душанбе вобастагии ниҳоят зиёдро аз Русия дарк мекунанд ва бар инанд, ки агар аз ҳад зиёд талаб кунанд, ин ба муносибатҳои кишвар зарар мерасонад, хусусан дар марҳилае, ки роҳбарияти давлат нақшаи транзити ҳукуматро дорад ва Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, писарашро ҷойгузини худ кунад",-андеша дорад ин коршинос.

Бархӯрди расонаҳо ва ҳизбҳо

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон низ аз инъикоси ҳодиса ва пайомадҳои он худдорӣ карданд. Намояндаҳои мардум дар парлумон, ба истинои Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои сиёсӣ, ба ҷуз як изҳори таслияти Ҳизби аграрӣ, ин ҳодисаро нодида гирифтанд.

Бархилофи ин бархе созмону намояндаҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ бо ташкили гирдиҳамоӣ дар назди бинои Консулгарии Русия дар Бонни Олмон, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, Александр Бастрикин, Владимир Колоколтсев, Сергей Миронов, Леонид Слутский — раиси Ҳизби либерал-демократии Русия ва Александр Дугинро "барои барангехтани адовати байни миллатҳо ва таҳқири шаъну шарафи муҳоҷирон афроди номатлуб барои Тоҷикистон эълон карда" ба кишвар роҳ надиҳад.

Тазоҳуроти мухолифони тоҷик дар муқобили Консулгарии Русия дар шаҳри Бонн, Олмон дар эътироз ба кушта шудани Қобилҷон дар Маскав. 21 декабр, 2025.

Мухолифин ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистонро барои доштани ҳамкории наздик бо Русия, сарфи назар аз муносибати бад ва беэҳтиромӣ бо муҳоҷирон интиқод карда, хостори қатъи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон шуданд.

Коршиносон мегӯянд, ки ҳодисаи қатли Қобилҷон нишон дод, афроди алоҳида ва нухбагони ҷомеаи Тоҷикистон бо сабабҳои эҳтимолан сиёсӣ сабаби ин воқеаи талхро фақат берун аз Тоҷикистон мебинанд ва ба чизҳое ишора мекунанд, ки тамоман тағйири он барояшон имкон надорад.

"Сабаби сар задани идеология натсизм ва ксенофобия дар Русия худи ин ҳукумат аст, ки барои гурӯҳҳои махсус чунин иҷозаро додааст. Ин тасмим аз ҷумла, барои он қабул шудааст, ки Маскав шарикони стратегии худ, аз ҷумла Тоҷикистон ва манфиатҳои онро аслан ба инобат намегирад ва сари он ҳисоб ҳам намекунад. Дар чунин шароит ҳамаи суол бояд аввал ба кишвардорони Тоҷикистон бошад, баъд ба дигарон”, - мегӯяд Ҳафиз Раҳмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ӯ дар як матлаби таҳлилӣ бо зикри даҳҳо коре, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҷиддӣ гирифтани ҳодисаи қатли Қобилҷон дар Русия анҷом диҳад, ба ин хулоса мерасад, ки "ниҳоят, фарҳанги зиндагии осударо дар Тоҷикистон ба маънои комилу густардааш бояд ба роҳ монд, ки асосаш тарбияву омӯзиш аст".

Мардуми Осиёи Марказӣ

Бо вуҷуди ишораҳои коршиносон ба мавқеи заифи Душанбеи расмӣ, ҳодисаи қатли Қобилҷон вокуниш ва ҳамдардии ҳазорон нафарро дар кишварҳои дигар, махсусан Осиёи Марказӣ ба бор овард. Аз назари Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байнулмилал, бо чунин шева куштани як кӯдак, муносибати хашин бо зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия ва таомули ношоистаи давлатмардону чеҳраҳои бонуфузи Русия дар баробари кишвар ва минтақа, ҷомеаҳои Осиёи Марказиро такон дод.

"Омили сеюм – дар симои Қобилҷон дидани ояндаи эҳтимолии фарзандони муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои минтақа – сабаб гардид, вокуниши ниҳоят васеъ ва сахт садо бидиҳад. Ин нахустин вокуниши дастаҷамъона ва васеи ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба куштори даҳшатноки зодаи минтақа дар Русия аст, ки пештар ба назар намерасид. Аз худи Тоҷикистон дида, ин масъала дар фазои расонаии Узбекистон ҷиддитар буд",-мегӯяд ин коршинос.

Аз нигоҳи таҳлилгароне, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд, вобастагии зиёд ба Русия, муҳимтарин ҷанбаи манфии ҳодисаи қатли Қобилҷон буд, ки имкон надод, ҳукумат дар ин рӯзҳои ба таври ошкоро дар бари мардум бошад.

Хоксупории хомӯшона

Ба расонаҳо иҷозат надоданд, ки маросими интиқоли ҷасад ба кишвар ва ҷанозаву дафни он ба гунаи густарда наворбардорӣ ва расонаӣ шавад. Аз нигоҳи онҳо, агар ҳукумат дар фикри ислоҳи муҳоҷират ва гуногун кардани самтҳои он набошад, ҳодисаи қатли Қобилҷон ва муҳоҷирони хурду бузург наметавонад охирин бошад.

Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд. Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро теғ зад.