Ҳалокати ду афсари тоҷик дар сарҳад. Марзбонӣ "Толибон"-ро танқид кард

Ҳодиса дар рӯзе иттифоқ уфтодааст, ки Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон як майдони тонкронӣ ва чор дидбонгоҳи марзиро ба истифода дод

Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани ду афсари Нерӯҳои марзбониро дар задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад бо Афғонистон тасдиқ карданд. Радиои Озодӣ шаби 24-уми декабр бо такя ба манбаъҳои худ аз даргирии мусаллаҳона дар марз хабар дода буд.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 25-уми декабр бо нашри изҳороте гуфт, ҳодиса нимарӯзи 24-уми декабр дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.

Дар изҳорот омадааст, "се узви ташкилоти террористӣ" марзро гузашта, ният доштанд, ба яке аз дидгонгоҳҳои сарҳадии Нерӯҳои марзбонӣ ҳамла кунанд. Вале гуфта нашудааст, ки ҳамлаварон узви кадом созмони террористӣ буданд.

Тибқи изҳорот, дар ин ҳамла Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ кушта шудаанд.

Бар пояи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Зиреҳбон Наврӯзбекови 33-сола бо зарби шаш тир ба ҳалокат расидааст. Ӯ зодаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва пайкарашро баъди ташхису шиносоӣ ба зодгоҳаш фиристоданд.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб, ҷасади афсари дигар Исматулло Қурбонови 28-сола ба ҷуқурии 200-метрии яке аз ғорҳои минтақа афтодааст. Ҳоло, ба гуфтаи манбаъҳо, барои баровардани ҷасади ин афсар як гурӯҳи наҷотбахшон сафарбар шудаанд. Исматулло Қурбонови 28-сола зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аст.

Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ ҳамзамон аз захмӣ шудани ду марзбон дар ин даргирӣ хабар медиҳанд. Дар изҳороти Нерӯҳои марзбонӣ дар бораи захмӣ шудани сарҳадбонон чизе гуфта нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин ҳодиса се ҳамлагар аз Афғонистон низ кушта шуда, аз онҳо се мусалсал ё автомат, се туфангча, 10 норинҷаки дастӣ, як дурбини шаббин, маводи тарканда ва муҳиммоти дигари ҷангӣ мусодира шудааст.

Дар ин изҳорот Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҳукумати "Толибон"-ро ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ ва ваъдаҳои худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар марз бо Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои тундрав муттаҳам намуда, аз онҳо хостааст, аз мардуми Тоҷикистон маъзарат пурсад.

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти тоҷик аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Ҷое, ки ба гуфтаашон қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷангҷӯён камин гирифтаанд.

Дар моҳи ноябри имсол аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон се ҳамла сурат гирифта, даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ шудаанд. Баъзе аз ин коргарон дар маҳалли заршӯӣ дар Шӯрободи собиқ ва қисме дигар дар роҳсозӣ дар Дарвоз кор мекарданд. Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро ҳамлаи террористӣ номиду маҳкум кард ва Чин хоҳони таҳқиқи ҳарду ҳодиса шуд.