Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2025 муайян шуданд

Tajikistan,Dushanbe, Tajikistan best 10 sport personalities in 2025.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025-ро эълон кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов бар асоси натиҷагирии назарсанҷии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони панҷ намуди варзиш – ҷудо, бокс, қаиқронӣ дар каноэ, гуштии озод ва тенниси рӯйи миз - дохил шуданд.

Рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол:

Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон), медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”;

Хусравхон РАҲИМОВ (бокс) - барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ дар Оқтови Қазоқистон дар вазни 60 кг;

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни +100 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия, медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои Dushanbe Grand Slam 2025”;

Обид ҶЕБОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия, медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали нуқраи “Qingdao Grand Prix 2025” дар шаҳри Тсиндаои Чин;

Акмал УБАЙДОВ (бокс) - барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;

Муҳиддин АСАДУЛЛОЕВ (ҷудо) – қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 66 кг дар шаҳри Лимаи Перу, барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”, медали нуқраи “Abu Dhabi Grand Slam 2025”;

Мадина ҚУРБОНЗОДА (ҷудо)барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 52 кг, медали тиллои қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия, медали биринҷии Dushanbe Grand Slam 2025”;

Шаҳриёр ДАМИНОВ (каноэ) – барандаи медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконги Чин дар каноэи якнафара дар масофаи 3400 метр ва медали нуқра дар масофаи 16 800 метр байни бузургсолон;

Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштии озод) - барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 65 кило, медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Яшар Доғу дар Туркия;

Саъдӣ ИСМОИЛОВ (тенниси рӯйи миз) – барандаи медали биринҷии рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ.

“Ду медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаҳои ҷудо ва бокс беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2025 мебошад. Аммо пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, то ҳоло касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло нагирифтааст, - гуфт Нарзулло Латипов.