Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Кӣ бо кӣ бозӣ мекунад?

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 дар се кишвар -- Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад.

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026, ки аз 11-уми июн то 19-уми июл дар ҳудуди се кишвар -- ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад, доир гардид.

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бори аввал 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, иштирок мекунад.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:

Гурӯҳи А: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, плей-оффи аврупоӣ – D (Дания/Македонияи Шимолӣ/Чехия/Ирландия).

Гурӯҳи В: Канада, Қатар, Швейтсария, плей-оффи аврупоӣ – A (Италия/Ирландияи Шимолӣ/Уэлс/Босния ва Герсеговина).

Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Гаити, Шотландия.

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, плей-оффи аврупоӣ – C (Туркия/Руминия/Словакия/Косово).

Гурӯҳи E: Олмон, Кюрасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор.

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, плей-оффи аврупоӣ – B (Украина/Шведсия/Полша/Албания).

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав.

Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай.

Гурӯҳи I: Фаронса, Сенегал, Норвегия, бозиҳои байниқитъавии гузаришӣ – 2 (Боливия/Суринам/Ироқ).

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун.

Гурӯҳи K: Португалия, Узбекистон, Колумбия, бозиҳои байниқитъавии гузаришӣ – 1 (Каледонияи Нав/Ямайка/ҶД Конго).

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама.

Дар ҳамин ҳол 42 дастаи мунтахаб ба қаҳрамонии ҷаҳон-2026 роҳ ёфтааст. Боз 6 даста аз рӯйи натоиҷи бозиҳои гузаришӣ охири моҳи марти соли 2026 муайян мешавад.

Аз гурӯҳҳо на танҳо ду дастаи пешсаф, инчунин ҳашт дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба плей-офф, ки аз даври 1/16 финал шуруъ мегардад, роҳ пайдо мекунанд.