Cабаби боздошти Лоиқ Урунзодаро шарҳ доданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо дархости Радиои Озодӣ қазияи боздошти як мансабдори баландпояро дар вилояти Суғд шарҳ доданд. Лоиқ Урунзода, сардори шуъбаи Оҷонси хидмати давлатӣ дар вилояти Суғд, беш аз як моҳ боз дар боздошт аст. Додситонӣ ӯро ба "сохтакорӣ, қасди ҷиноят ва ғайриқонунӣ додани замин" гумонбар медонад.