Гапи озод: Нишастҳои хабарӣ баҳри огаҳии мардум аст, ё фиреби хабарнигорон?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишастҳои хабарие, ки дар Тоҷикистон идома доранд, баёнгари чӣ аст? Озодии сухан, ё хок пошидан ба чашми журналистҳо? Бархе хабарнигорон мегӯянд, нишастҳои хабарӣ на маҳалле барои посух гирифтан ба суолҳо шудаанд, балки ба як минбари хондани ҳисоботи хушки вазорату идораҳо табдил ёфтаанд.