Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, қарор аст то соли 2028 дар тамоми кишвар 7600 пойгоҳҳо чинӣ насб шавад.
Ҳар иттилое, ки бо таҷҳизоти ин ширкат коркард мешавад, аллакай зери хавф аст
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба хотири беҳтар кардани сифат ва суръати интернет аз Чин таҷҳизот ворид мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз эҳтимоли такрори таҷрибаи Чин дар мавриди маҳудияти сокинон дар дастраси ба интернет нигаронанд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, бо насби пурраи ин таҷҳизот сифат ва суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.
Мақомот насби ҳамин теъдод мавҷгири интернетиро талаботи замон унвон карда, бештар шудани чунин дастгоҳҳоро ба беҳтар шудани суръати интернет дар кишвар рабт медиҳанд. Атоев мегуяд: "тамоми таҷҳизотҳои алоқаи мобилӣ, истгоҳҳои базавӣ, чӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳо дар худи Чин истеҳсол мешаванд".
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз ин пештар Хадамоти алоқа хабар дода буд, ки дар наздиктарин фурсат Тоҷикистон бо "шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин" пайваст мешавад. Бозори интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст ва ин ширкат тайи ин солҳо ягона воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон мебошад. Шикоятҳо аз суръату сифати интернет низ ҳамеша шунида мешавад. Аз ин хотир, аксари муштариёни ширкатҳои мобилӣ аз ин тасмими мақомоти тоҷик истиқбол мекунанд:
- Интернети ман дар як моҳ 160 сомонӣ аст. Пештар дар моҳ 100 сомонӣ буд, ҳамин хел суръат дошт. 160 сомонӣ ҳам кардам, ҳамин хел кор мекунад. Ягон фарқ надорад, фақат пулаш зиёдтар аст. Таҷҳизотро аз Хитой ворид кунанд, беҳтар мешавад. Шояд суръати интернет хубтар шавад.
- Алоқа дар ҳозир беҳтар аст. Боз аз Хитой агар ворид шавад, ба ширкатҳои мобилӣ ҳам осонтар мешавад. Мақсад мардум истифода мебаранд. Хеле хуб аст. Сатҳи истифодабарии мардум ҳам хуб мешавад. Сифати алоқа ҳам беҳтар мешавад.
- Дилашон аз худашон дур меравад, аз гапзании худашон. Одаме, ки бемалол ягон ҷо ягон эътироз накунад, ягон кас кор надорад. Медароянд ягон шабакаҳое, ки мумкин нест.
Таҳлилгарон бар инанд, ки пурра ба таҷҳизоти мобилии чинӣ рӯй овардану ҳамроҳшавӣ бо шабакаи интернети он боиси дастрасии маълумоти махфӣ ва хусусии Тоҷикистон барои ширкату мақомоти Чин мегардад.
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин мегӯяд, Чин яке аз он кишварҳоест, ки бо доштан ва истифодаи технологияҳои пешрафтаи ҷорӣ кардани сензураи интернетӣ машҳур аст. “Хусусан ширкати Ҳуавей, чи хеле медонем, зери таҳримҳои Амрико қарор дорад ва сабабаш ҳам ҳамкориии зичи ин ширкат бо хадамоти махсуси Чин аст. Ҳар иттилое, ки бо таҷҳизоти ин ширкат коркард карда мешавад, аллакай зери хавф аст. Чунки эҳтимоли ба он дастрасӣ пайдо кардани хадамоти махсуси Чин ба миён меояд,"-гуфт ӯ.
Гулов ҳамчунин тақвияти монополияро бар интернет дуруст намешуморад ва тарафдори интернетрасонии мустақилона аз тарафи ширкатҳои гуногун аст, чун ба андешаи ӯ, дар ин сурат муштарӣ ҳаққи интихоб пайдо мекунад.
Илҳомҷон Атоев мегуяд, ин нигарони асос надорад: "Албатта, тибқи талаботи санадҳо таъмини амнияти иттилоотӣ таъмин мешавад. Як чиз ҳаст: таҷҳизотҳое, ки мо меорем, тибқи қонунгузорӣ он дар шабакаи алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Чизе, ки дар дохили дигар давлат аст, ба мо рабт надорад."
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, мудири Сандуқи ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" мегуяд, Тоҷикистон ҳарчӣ бештар хатҳои берунаи интернет дошта бошад, ҳамон қадар хуб аст. "Мо пештар интернетро аз Қирғизистон мегирифтем, ҳоло аз Узбекистон. Яъне, интернет тавассути ҳамин давлатҳо ба мо ворид мешавад. Агар як кишвари дигар ба мо пайваст шавад ва мо дар ҳолатҳои форсмажор як хатти дигари интернет дошта бошем, ки устувориро таъмин кунем, чаро не? Агар сода карда бигӯем, ин мисли он аст, ки дар хона як хатти об доред ва ҳангоми садама дар он, роҳат метавонед аз лулаи иловагӣ обро истифода кунед,"--гуфт ӯ.
Мудири Сандуқи ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" ба ин назар аст, ки сонсури интернет дар Чин ба дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ таъсир нахоҳад дошт, зеро ба таъкиди ӯ "интернет ба харидори дохилӣ ва берунӣ тақсим мешавад. Вақте дар дохили Чин мефурушанд онҳо ҳамагуна сензураро мехоҳанд ҷорӣ кунанд, вале вақте ки хатти интернетро ба берун аз кишвар мефурӯшанд, он алакай филтр нашудааст ва он сензурае, ки дар дохили кишвари худашон шудааст, ба мо таъсир намерасонад."
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо заифтарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад ва яке аз сабабҳояшро мунтақидон ба дасти Хадамоти алоқа додани ин соҳаи замоне сердаромад ва пешрафтаву пуррақобат дар Тоҷикистон мегӯянд. Раҳбарии Хадамоти алоқаро ки дар ҳоли ҳозир монополияи харид ва тақсими интернетро пурра дар даст дорад, қудои президент, Бег Сабур ба ӯҳда дорад.