Ҳоли табоҳи як масҷид аз зилзила ва беэътиноии "Толибон"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бар асари заминларзаи моҳи октябри имсол дар Афғонистон девору манораҳои як масҷиди қадимӣ дар Ҳирот шикоф пайдо карда, навиштаҳои таърихии он фурӯ рехтаанд. Масҷид дар соли 1417 сохта шуда буд. Вайронӣ дар ин ёдгории таърихӣ бештар дида мешавад ва “Толибон” барои нигаҳдории он таваҷҷӯҳе надоранд.