Се паҳлавони тоҷик аз Чин бо медал баргаштанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Се паҳлавони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Чин медал гирифтанд, шоми 28 сентябр ба ватан баргаштанд. Ҳар се медал ба риштаи ҷудо марбут аст. Онҳоро ҳаводорон ва наздикон пешвоз гирифтанд. Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1951 ба ин тараф ҳар чаҳор сол як дафъа баргузор мешавад.