Ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав

Маскав, 24 июл, 2023.

Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар субҳи душанбе ду бесарнишин ё дрони Украинаиро дар фазои шаҳри Маскав роҳгирӣ ва нобуд карданд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ҳам дар "Телеграм" навиштааст, ки ин ду бесарнишин соатҳои тақрибан 4-субҳ ба вақти маҳаллӣ ба ду бинои ғайристиқоматӣ дар пойтахти Русия бархӯрдаанд. Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, ин ҳамла "талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст".

Хабаргузории "Рейтерз" ҳам чанд аксро аз маркази Маскав, ҷое ки бесарнишинҳо бархӯрдаанд, нашр кардааст. Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, яке аз бесарнишинҳо дар маҷмаи Вазорати дифои Русия бархӯрдааст. Мақомоти Украина то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд.

Ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи гузашта Киев ва Маскав якдигарро ба ҳамла ба калисои таърихӣ дар шаҳри Одесса воқеъ дар ҷануб-ғарби Украина, муттаҳам карданд.

Владислав Назаров, сухангӯи фармондеҳии амалиёти артиши Украина дар ҷануб гуфт, ки дар ин ҳамла 2 нафар кушта шуда ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоии Украина нишон медиҳад, ки калонтарин калисои ҷомеи Одесса, ки 214 сол таърих дорад, осеби зиёд дидааст. Дар як видеои дигар як марди ваҳшатзада аз паёмадҳои ҳамла мегӯяд, ки "дигар калисое вуҷуд надорад".

ЮНЕСКО, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳои Русия ба марказҳои бостонии Одессаро, ки низ зери ҳифозати Конвенсияи мероси ҷаҳонӣ аст, маҳкум кард ва хоҳони қатъи бомбаборони ин марказҳо шуд.

Даргириҳо миёни нерӯҳои Русия ва Украина дар рӯзҳои ахир бештар шудааст.