Ҷанг занони Украинаро ба сад бало гирифтор кард. ВИДЕО

Як зани украинӣ

Даҳҳо ҳазор зани украинӣ ҳоло дар баробари мардон ҳам дар артиш хидмат мекунанд ва ҳам ба ҷанге мераванд, ки Русия дар ватанашон оғоз кард.

Дар ин миён ҳазорон зани дигар бо фишору бемориҳои равонӣ меҷанганд, ки ҷанг ба сарашон овард ва саъй доранд, зиндагиашонро аз нав бисозанд.

Светлана Косолапова, яке аз заноне аст, ки танҳо мондааст, чун шавҳари сарбозаш дар ҷанг кушта шуд. Мегӯяд, пеш аз ҷанг зиндагии орому осуда ва барномаҳои зиёде барои истироҳат доштанд. Светлана Косолапова, ҳамсари сарбози кушташуда гуфт: "Понздаҳ сол зиндагии шоде доштем. Ҳамаро дар як рӯз аз ман гирифтанд. Мо ҳам оянда доштем. Моҳи апрел ба куҳҳои Карпат билет доштем."

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷанги занони украинӣ бо фишору бемориҳои равонӣ

Моҳи феврали соли 2022 неруҳои Русия зодгоҳашон, шаҳри Луганскро ишғол карданд. Мегӯяд, ки зиндагӣ барои ӯву ду фарзандаш ба як кобуси бепоён табдил ёфт. "Ҳатто пас аз марги шавҳарам, омада маро барои бозпурсӣ мебурданд, бачаҳоро маҳкам мекарданд. Хӯрокамонро мегирифтанд" - афзуд, Светлана Косолапова, ҳамсари сарбози кушташуда

Ба ғайр аз фирор, аз шиканҷаи равонӣ дигар илоҷе надошт. Агарчӣ ҷое барои рафтан надошт, ду фарзандашро гирифту гурехт, то зинда бимонад.

Айни замон даҳҳо ҳазор зани украинӣ дар баробари мардон дар артиш хидмат мекунанд ва ё ба зидди неруҳои Русия меҷанганд. Аммо онҳое, ки дар ақибгоҳ мондаанд, бо бемориҳои равонӣ ва мушкилоти зиндагӣ меҷанганд.

Ба доди Косолапова Бунёди Маша, як созмони ғайриҳукуматие расид, ки ба занону кӯдакони осебдида дар ҷанг кумак мерасонад.

Мария Ефрошина, аз бунёдгузорони созмон мегӯяд, занон ҳоло ба мушкилоти комилан нав рӯ ба рӯ шудаанд ва ҳар вақт назди онҳо меоянд, аз зиндагӣ ноумед ҳастанд. Мария Ефрошина, муассисаи “Бунёди Маша” гуфт:

“Ҳаваси зиндагӣ надоранд, маъние дар зиндагӣ намебинанд. Ин дақиқан ҳамон чизест, ки душман бо мо кард. Душман на танҳо занонро кушт, балки аз назари равонӣ ҳам нобуд кард. “

Светлана Косолапова офияти равонӣ гирифт. Батадриҷ ба худ омад ва ба дигарон кумак карданро омӯхт. Ҳоло дар гуруҳи равоншиносӣ кор мекунад, ки ба кудакони гирифтори аутизм кумак мерасонанд.

"Ман ҳоло ба ҷое расидам, ки дигар на фақат кумак гирифта метавонам, балки ба дигарон мадад мерасонам." - гуфт вай

Мисли занони дигари украинӣ Косолапова дигар илоҷе ба ғайр аз созиш бо тақдири гузаштааш надорад. Акнун саъй дорад, барои худ оянда ва зиндагии беҳтарро бисозад, вале бе як азизаш, ки ҷанг ӯро аз Светлана гирифт.