Оё воқеан, нархи паст сабаби коҳиши содироти моли Тоҷикистон аст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар коҳиш ёфтааст. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон содироти тилоро дар як соли ахир тамоман кам кардааст. Тоҷикистон асосан ба хориҷи кишвар тилло, алюминий, пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ хориҷ мекунад.