Ду кушта ва як захмӣ дар ҳамла ба пули Қрим

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Русия ва ҳам расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки шаби 16 ба 17-уми июл ба пули Қрим ҳамла шудааст. Дар пайи ҳамла, ки гуфта мешавад бо дрон ё бесарнишинҳо анҷом шуд, ду нафар кушта ва як кӯдак сахт захмдор шудааст. Ҳаракати мошинҳо ҳам дар ин пуле, ки Русияро ба нимҷазираи ишғолшудаи Қрим пайваст мекунад, манъ шудааст.