Кохи сафед пушти дарҳои баста имкони ирсоли мушакҳои дурпарвози навъи ATACMS-ро ба Украина баррасӣ дорад. Дар ин бора нашрияи New York Times бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манобеи нашрия, гап дар бораи ирсоли чанд мушаки идорашавандаи навъи "замин-замин" меравад, ки дар захираи неруҳои мудофиаи ИМА қарор доранд.
Бо ин вуҷуд, Пентагон мегӯяд, айни замон Украина ба мушакҳои дурпарвоз ниёз надорад. Ба илова, мушакҳои амрикоии ATACMS нисбатан калонҳаҷм нестанд ва ин навъи мушакҳо дар нимҷазираи Куриё ҷойгир шудаанд.
Киев аз чандест, ки талош дорад, соҳиби мушакҳои дурпарвоз шавад. Парвози ATACMS наздики 300 км-ро ташкил медиҳад. Мақомоти Украина мегӯянд, мушакҳои ATACMS ба артиши Украина имкон медиҳанд, ки ба ақибгоҳи неруҳои Русия зарба зада шавад. Аз ҷумла ба Қрими ғасбшуда, ки Русия аз он ҳамчун пойгоҳи партоби бесарнишинҳо истифода мебарад, навиштааст нашрия.
Пештар аз ин Вашингтон ирсоли мушакҳои ATACMS-ро ба Украина қатъиян рад мекард. Вашингтон мегуфт, Украина метавонад ба ҳудуди Русия зарба занад ва ин боиси шиддат гирифтани ҷанг хоҳад шуд.
Дар саммити НАТО дар Вилнюс дирӯз Фаронса ба Украина ваъдаи ирсоли мушакҳои навъи SCALP-ро дод. Ин мушакҳо 250 км парвоз мекунанд. Дар сурати таҷдиди мушакҳо онҳо метавонанд, то 500 км парвоз кунанд. Ба навиштаи Reuters, қисме аз мушакҳои ваъдакардаи Фаронса аллакай дар Украина ҳастанд.
Кишварҳои ғарбӣ аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина, ба Киев миллиардҳо доллар кӯмак кардаанд. Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш ваъда додаанд, ки то вақти ғалабаи Украина ирсоли муҳимоти низомиро ба ин кишвар идома медиҳанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ахиран шикоят кард, ки кишварҳои ғарбӣ дар фиристодани аслиҳа таъхир мекунанд.