Русия: Аз ҳуҷуми "васеъмиқёс"-и Украина пешгирӣ шуд. Киев: Асос надорад

Украина

Русия гуфт, нерӯҳои ин кишвар дар вилояти Донетск, шарқи Украина, аз ҳуҷуми “васеъмиқёс”-и украиниҳо пешгирӣ карданд. Киев иддаоро дар бораи оғози амалиёти таҳоҷумӣ барои бозпас гирифтани қаламравҳои ишғолшуда рад намуд.

Аз шурӯи ҷанги беасоси Русия дар моҳи феврали соли 2022 аз омодагии украиниҳо ба амалиёти таҳоҷумии азиме суҳбат мешавад.

Изҳороти ҷониби Русия пас аз гуфтугӯи президенти Украина Владимир Зеленский бо нашрияи The Wall Street Journal дар рӯзи 3-юми июн дар бораи омодагии украиниҳо ба муқобила бо нерӯҳои русӣ садо дод.

Низомиёни украинӣ дар изҳороте гуфтанд, “таблиғгарони Русия барои суст кардани рӯҳияи украиниҳо ва гумроҳ кардани мардуми худ, ҳатто дар сурати набудани амалиёти муқовимат, дар бораи амалиёт, самтҳои он ва талафоти артиши Украина иттилои дурӯғин нашр мекунанд.”

Дар изҳорот омадааст, ки русҳо аз навору аксҳои қадимӣ ва “маводи сохтакоришуда” истифода карда, дар бораи гуё оғози амалиёти таҳоҷумии украиниҳо ва талафоти артиши ин кишвар маълумоти ғайривоқеӣ паҳн мекунанд.

Вазорати дифои Русия субҳи 5-уми июн иддао кард, ки амалиёти таҳоҷумии Украина дар панҷ самти ҷанубии Донетск шуруъ шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, нерӯҳои мусаллаҳи Украина субҳи 4-уми июн бригадаҳои 23 ва 31-уми нерӯҳои захиравии стратегӣ ва воҳидҳои дигари ҳарбии худро ба кор дароварданд. Дар изҳороти Вазорати дифои Русия омадааст, дар умум ду баталйони тонкӣ дастбакор шуданд.

Ба мушоҳидаи Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, Телеграм-каналҳое, ки дар бораи ҷанг дар Украина менависанд, рӯзи чоруми июн аз ҳуҷуми нерӯҳои украинӣ дар марзи Запорожйе ва Донетск хабар доданд.

Чанд шабака навиштаанд, ки нерӯҳои украинӣ ду макони аҳолинишинро ишғол карданд. Дар ин бора баъзе аз манбаъҳои украинӣ ҳам хабар доданд.

Дарёфти иттилои дақиқ ва санҷидашуда дар шароити ҷанг мушкил аст.