Хостгорӣ дар назди муҷассамаи Ҳофиз гарон тамом шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як хостгории шоди ду дилдода дар Эрон сабаби саркӯб гардид. Ин ҳолат пас аз паҳн шудани наворе дар интернет рӯй дод. Дар он марде аз зани бидуни ҳиҷоб дар оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ хостгорӣ кард. Вақте издиҳом қарсак заданду ҳуштак кашиданд, мард занро ба оғӯш гирифт. Пас аз он камаш ду нафар дастгир шуда, сарнавишти ҷуфти ошиқ маълум нест.