Украина пешниҳоди Ироқро барои миёнравӣ байни Киев ва Маскав рад кард

Вазирони корҳои хориҷии Ироқ ва Украина.

Вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи душанбеи 17-уми апрел дар сафар ба Бағдод пешниҳоди ҳукумати Ироқ барои миёнҷигарӣ байни Киев ва Маскавро рад кард. Ин аввалин сафари як вазири корҳои хориҷии Украина ба Ироқ дар 15 соли ахир аст.

Дмитро Кулеба таъкид кард, ки фақат ба шарти хуруҷи комили ҳама нерӯҳои Русия аз қаламрави Украина, кишвараш омода аст гуфтугӯҳои сулҳро оғоз кунад.

Фуод Ҳусейн, ҳамтои ироқии оқои Кулеба бо ишора ба таҷрибаҳои Ироқ дар заминаи ҷанг ва бӯҳрон ёддоварӣ кард, ки ҳукумати ин кишвар дар гузашта низ мизбон ва миёнарави гуфтугӯ байни "тарафҳои ба ҳам душман", аз ҷумла, Эрон ва Арабистони Саудӣ будааст.

Вазири корҳои хориҷии Ироқ дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои украинии худ афзуд, "Бағдод дар заминаи гуфтугӯ байни кишварҳои даргир таҷриба дорад ва ҳозир аст ба гуфтугӯҳои сулҳ кӯмак кунад. Идомаи ҷанг на фақат барои ду кишвар (Русия ва Украина), балки барои тамоми ҷаҳон хатарнок аст".

Ироқ мисли бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна ба содироти ғалладона аз Украина ва Русия вобаста аст ва аз замони оғози ҷанг қимати маводи ғизо дар ин кишвар низ афзоиш ёфтааст.

Дмитро Кулеба гуфт, Ироқ кишваре аст, ки метавонад ба барқарории тамос кӯмак кунад, вале калонтарин монеи сулҳ, идомаи ҳамлаи низомии Русия аст. Ин мақоми украинӣ афзуд, "Русия бояд як воқеияти оддиро қабул кунад ва он қатъи ҷанг ва бурунрафти комил аз қаламрави Украина аст".

Вазири корҳои хориҷии Украина бо вуҷуди радди пешниҳоди Бағдод барои миёнҷигарӣ хотирнишон кард, ки Киев хоҳони рушди робитаҳо бо Ироқ аст ва сафари рӯзи душанбе ба Бағдод "бахше аз талошҳо барои муносибатҳо дар шароити нав мебошад".

Шарти Маскав барои оғози музокирот ин аст, ки чаҳор вилояти Украина, ки нерӯҳои Русияро онро тасарруф кардаанд, ҳамчун қаламрави Русия пазируфта шаванд. Давоми як соли ҷанг Русия вилоятҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожеи Украинаро аз худ кардааст.

Ҷомеаи байналмилалӣ ин иқдоми Русияро ба расмият нашинохтааст ва Киев онро таҷовуз ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли Украина медонад.