СММ: Видеои қатли асири украинӣ аз сӯи Русия "воқеӣ" ба назар мерасад

Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба нашри видеои қатли як сарбози асири украинӣ аз сӯи нерӯҳои Русия гуфт, "ба назар мерасад, воқеӣ аст".

Дар як видеоӣ 12-сонияӣ, ки се рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як сарбози украинӣ сигор ба лаб дорад ва баъд аз гуфтани "Шараф ба Украина", бо тирҳои паёпай аз сӯи нерӯҳои русӣ кушта мешавад.

Сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 8-уми март ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, "аз ин видео, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва ошкоро қатли як асири ҷангиро берун аз саҳнаи набард аз сӯи нерӯҳои Русия нишон медиҳад, огоҳ ҳастем".

Ӯ афзуд, "бар асоси таҳқиқоти аввалия, бар ин назар ҳастем, ки навори нашршуда воқеӣ ба назар мерасад. Давоми беш аз як соле, ки аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина мегузарад, поймолшавии бешумори қонунҳои байнулмилалии башардӯстонаро алайҳи асирони ҷангӣ аз сӯи нерӯҳои русӣ сабт кардаем".

Артиши Украина эълон кардааст, интиқоми сарбози кушташударо, ки Тимофий Миколайович Шадура ном дорад, хоҳад гирифт.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи сешанбе хостори анҷоми таҳқиқоти байнулмилалӣ дар бораи куштани ин асири украинӣ шуд ва эълон кард, афроде, ки дар ин ҷинояти ваҳшиёна даст доранд, муҷозот шаванд. Ӯ афзуд, "мо қотилонро пайдо хоҳем кард ва Украина қаҳрамонони худро фаромӯш намекунад".

Рӯзи 6-уми март дар "Телеграм" наворе паҳн шуд, ки дар он марди бесилоҳ бо либоси монанд ба сарбозони артиши Украина пас аз гуфтани "Шараф ба Украина" паронда мешавад. Дар куҷо ва кай сабт шудани навор маълум нест. Шахсоне, ки ба сӯи низомӣ тир мекушоянд, дар навор дида намешаванд.

Украина аз Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноят хост, ҳодисаро таҳқиқ кунад. Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфт, бояд додситони Додгоҳи байнулмилалӣ нафареро, ки дар ҷинояти ҷангӣ даст дорад, ба ҷавобгарӣ кашад. Ӯ гуфт, ҳодиса бори дигар нишон дод, ки ҷанги Русия дар Украина наслкушист.

Дмитрий Лубинетс, ваколатдори ҳуқуқи инсони Украина, гуфт, наворро ба ҳамкоронаш аз кишварҳои гуногуни олам чун як намунаи дигари ҷинояти ҷангӣ фиристод.

Фолгер Тюрк, Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе талафоти ғайринизомиён ва вайрониҳои ҷанги Украинаро "такондиҳанда" хонд.

Давоми беш аз як соли ҷанги Русия дар Украина даҳҳо навори кушта шудани низомиёни асири украинӣ ва рус паҳн шудааст. Дар ҳар маврид ҷонибҳо ҳамдигарро гунаҳкор мекунанд.

Ҳукумати Украина расман хабар дода буд, ки даст доштани сарбозонаш дар қатли асиронро месанҷад, вале аз натиҷаи ин таҳқиқ дигар хабаре нашр нашуд. Мақомоти Русия дар бораи кушта шудани низомии асири украинӣ шарҳе надодаанд.