Ҷанги сахт миёни нерӯҳои Украина ва Русия дар Бахмут идома дорад

Шаҳри Бахмут.

Украина рӯзи душанбеи 6-уми март гуфт, нерӯҳои ин кишвар ҳанӯз дар шаҳри Бахмут муқовимат мекунанд. Дар ҳамин ҳол ҷанҷоли лафзӣ байни раиси ширкати хусусии "Вагнер", ки дар муҳосираи Бахмут нақши муҳиме иҷро мекунад, ва артиши Русия, боло гирифтааст. Раиси ин ширкат хостори аслиҳаи бештар шуд ва иддао кард, ки фармондеҳи артиши Русия аз фиристодани кӯмакҳои мавриди ниёз ба афроди ин ширкат дар ҷабҳаи ҷанги Бахмут пешгирӣ кардааст.

Набард дар Бахмут, ки аз ҳудуди шаш моҳ пеш ва беист идома дорад, хунинтарин рӯёрӯӣ дар ҷанги Украина хонда мешавад ва дар сурати ақибнишинии нерӯҳои украинӣ, бузургтарин пирӯзии низомии Русия дар чандин моҳи ахир хоҳад буд. Артиши Украина барои ақибнишинии эҳтимолии нерӯҳояш аз чанд вақт пеш ба таҳкими сангарҳояш дар ғарби Бахмут оғоз кардаааст, вале ба назар мерасад, ки ҳанӯз дастури ақибнишинии комил содир нашудааст.

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико дар ҷараёни сафар ба кишварҳои Ховари Миёна гуфт, ақибнишинии нерӯҳои украинӣ аз Бахмут қатъӣ нест ва агар чунин тасмиме гирифта шавад, замони он маълум нест. Ӯ афзуд, "суқути ин шаҳр ба маънои ба даст гирифтани ибтикори амал аз сӯи артиши Русия нест ва ба бовари ман, назорати Бахмут бештар ҷанбаи рамзӣ дорад, на аҳамияти стратегӣ".

Маскав иддао дорад, ки тасарруфи Бахмут роҳро барои пешравӣ ва ишғоли минтақаҳои бештар дар Донбас хоҳад кушод. Дар муқобил, Украина мегӯяд бо ворид кардани талафоти вазнин ба нерӯҳои Русия дар ин ҷабҳа, ният дорад тавоноии ҷангии он дар набардҳои ояндаро коҳиш диҳад.

Фармондеҳи нерӯҳои украинӣ дар ҷабҳаи Бахмут рӯзи душанбе дар шабакаи "Телеграм" навишт, ки ҳанӯз дастури ақибнишинӣ дарёфт накардааст.

Дафтари раёсати ҷумҳури Украина низ рӯзи душанбе эълон кард, ки Владимир Зеленский, дар мавриди вазъияти ҷанг дар Бахмут, бо раиси Ситод ва фармондеҳи нерӯҳои заминии Украина гуфтугу кардааст ва ҳар ду мақоми баландпояи низомӣ тарафдори идомаи набард ва тақвияти мавзеъҳои дифоии Украина дар ин минтақа ҳастанд.

Ҳамзамон, Евгений Пригожин, раиси ширкати хусусии амнияти "Вагнер" дар идомаи интиқодҳои тунд ва ошкор аз фармондеҳони артиши Русия иддао кард, ки бо вуҷуди номае ба фармондеҳи амалиёт дар Украина дар рӯзи якшанбе, таҷҳизоти мавриди ниёз барои афроди ин гурӯҳ фиристода намешавад. Ӯ субҳи рӯзи душанбе афзуд, ки иҷозаи ҳузури намояндаи ӯ дар ҷаласаҳои фармондеҳони амалиёт дар минтақа, бекор шудааст.

Вазорати дифои Русия то кунун дар ин маврид изҳори назар накардааст. Аз оғози соли ҷорӣ фармондеҳии амалиёт дар Украина ба генерал Валерий Герасимов, раиси Ситоди артиши Русия, вогузор шудааст.

Евгений Пригожин рӯзи ҷумъа дар як паёми видеоӣ иддао кард, ки Бахмут амалан дар муҳосираи комил аст, вале рӯзи якшанбе дар як паёми дигар бо лаҳни норозиёна гуфт, агар афроди "Вагнер" маҷбур ба ақибнишинӣ шаванд, хати пеши нерӯҳои Русия аз ҳам мепошад.

Фармондеҳи яке аз воҳидҳои артиши Украина дар ҷабҳаи Бахмут дар мусоҳибае бо расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки ҳамлаҳои заминии Русия барои шикастани хати дифоии Украина дар рӯҳои ахири сахттар шудааст, вале то кунун ҳамаи ин ҳамлаҳо ақиб зада шудаанд.

Пажӯҳишгоҳи мутолеоти ҷанг дар Вашингтон гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки оё артиши Украина аз Бахмут ақибнишинӣ хоҳад кард ва ё ба набард барои фарсуда кардани артиши Русия идома хоҳад дод.

Ин пажӯҳишгоҳ афзуд, "ба назар мерасад, ки ҳамлаи Русия ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Зери таъсири ҷамъ омадани нерӯҳо дар ҷабҳаи Бахмут ва бештар шудани ҳамлаҳои он кишвар дар ҷабҳаҳои дигар, ҳар гуна зиддиҳамлаи Украина дар оянда барои бозпасгирии минтақаҳои ишғолӣ дар Донетск ва Луҳанск, бисёр душвор хоҳад буд".