Байден ба додани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Украина розӣ нест

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 30-юми январ гуфт, Вашингтон ба Украина ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 намедиҳад.

Аз сӯи дигар, раҳбарони аврупоӣ гуфтаанд, мушкиле бо ин пешниҳод надоранд, ҳарчанд Украина то кунун ба таври расмӣ аз муттаҳидони худ нахостааст, ки ҳавопаймоҳои пешрафтаи ҷангӣ дар ихтиёраш бигузоранд. Аз ҷумла, Фаронса додани ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Украинаро аз эҳтимол дур надонист.

Дар ҳоли ҳозир дар Украина ҷанг ба шиддат идома дорад ва нерӯҳои Русия талош мекунанд, доираи минтақаҳои зери тасарруфи худро дар Донетск густариш диҳанд. Денис Пушилин, раҳбари дастнишондаи Маскав дар Донетск, рӯзи душанбе иддао кард, ки нерӯҳои рус то наздикии шаҳри стратегии Вугледар дар ҷануб-ғарби шаҳри Донетск пешравӣ кардаанд.

Бар асоси гузориши хабаргузориҳои русӣ, Пушилин афзуд, "дар ҳоли ҳозир метавонем бигӯем, ки воҳидҳои низомӣ мавзеъҳои худро дар бахши шарқии Вугледар мустаҳкам кардаанд ва ҳамчунин дар атрофи шаҳр низ ба пешравӣ идома медиҳанд".

Киев тасдиқ мекунад, ки ҷанги сахте дар он минтақа идома дорад, аммо иддаои пешравиҳои Русияро рад мекунад. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, шаби якшанбе гуфт, "барои душман ҷони сарбозонаш аҳамияте надорад ва бо вуҷуди талафоти ниҳоят зиёд, ба ҳамлаҳои худ идома медиҳад".

Амрико, Олмон ва кишварҳои дигар ҳафтаҳои охир ба фиристодани силоҳҳои бештар ба Украина, аз ҷумла танкҳои пешрафта мувофиқат карданд.

Дар ҳоле ки захираҳои силоҳи Украина ба шиддат коҳиш ёфтааст, Фаронса ва Австралия рӯзи душанбе қарордодеро ба ҳадафи тавлиди гулӯлаҳои 155-миллиметрӣ барои нерӯҳои Киев эълон карданд.

Аз тарафи дигар, Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар Сеул аз Кореяи Ҷанубӣ хост, то ҳимояти низомии худро аз Украина афзоиш диҳад. Ӯ ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод кард, ки сиёсати худро дар бораи содир накардани аслиҳа ба кишварҳои дигар бозбинӣ намояд.