"Ин таҳдиди ҳамла ба Русия нест." Амрико ба Украина "Абрамс" медиҳад. ВИДЕО

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба Украина 31 тонки "Абрамс" мефиристад. Пештар аз ин Олмон эълон кард, ки ба Киев 14 "Леопард 2" медиҳад.

"Имрӯз эълон мекунам, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина 31 тонки Абрамс мефиристад. Ин ба як баталйони украинӣ баробар аст. Ин иқдомро вазири дифоъ, Ллойд, Остин, тавсия додааст, зеро тавоноии Украинаро барои дифоъ аз худ ва расидан ба ҳадафҳои стратегияш афзоиш хоҳад дод," – гуфт Байден рӯзи 25-уми январ.

Изҳороти Байден ҳамагӣ чанд соат баъд аз он садо дод, ки садри аъзами Олмон Олаф Шолтс гуфт, Берлин ба Украина 14 тонки “Леопард 2” медиҳад. Акнун кишварҳои дигари аврупоӣ ҳам ин корро карда метавонанд.

Украина, Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик изҳороти Шолтсро дер боз мунтазир буданд. Садри аъзами Олмон гуфт, Берлин аз Украина пуштибонӣ мекунад, аммо намехоҳад, Русияро таҳрик диҳад.

"Мо бояд ошкор бигӯем: ҳар ончи барои ҳимояти Украина зарур аст, мекунем, аммо дар айни замон аз авҷ гирифтани ҷанг байни Русия ва НАТО пешгирӣ мекунем. Ҳамеша ин усулро риоят мекунем," – афзуд ӯ.

Байден ба Шолтс ва ба хотири иқдоми Берлин дар баробари Украина изҳори сипос кард. Президенти Амрико гуфт, мақсад аз додани тонкҳо кумак ба Украина барои дифоъ аз қаламраваш аст.

“Инҷо ҳеч гуна таҳдиди таҳоҷум ба Русия нест. Агар сарбозони рус ба Русия баргарданд, дар он ҷое хоҳанд буд, ки ба худашон тааллуқ дорад. Ҷанг ҳамон рӯз тамом хоҳад шуд. Чизе, ки ҳамаи мо мехоҳем. Ин ҷанг бо шартҳои одилона ва пойдор бас карда шавад,” – гуфт Ҷо Байден.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, муддатҳо боз аз ҳампаймонҳои ғарбияш мехост, ба онҳо тонк бидиҳанд. Аммо гап дар бораи даҳ ё понздаҳ тонк намеравад. Киев ба 250-350 тонк ниёз дорад. Коршиносони низомӣ мегӯянд, шумори тонкҳое, ки кишварҳои ҳампаймон то ин дам фиристоданашро ваъда додаанд, ба 90 мерасад.

Тасмими Амрико ва Олмону ҳампаймонҳои дигари Украинаро дар Маскав хуш напазируфтанд. Вазорати корҳои хориҷии Русия ин корро хатарзо хонд ва ҳушдор дод, ки низоъро бештар хоҳад карду кам не.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амрико ба Украина 31 "Абрамс" медиҳад