Муҳорибаи шадид дар шарқи Украина. Радду бадал дар бораи Днепру Соледар

Низомиёни Украина рӯзи 16-уми январ гуфтанд, ба ҳамлаҳои навбатии Русия дар шарқи ин кишвар муқовимат нишон медиҳанд. Ҳамзамон, тибқи иттилои мақомоти амрикоӣ, дар Олмон барои нерӯҳои Украина тамрини васеъмиқёси низомӣ барпо мешавад.

Бо айби кӣ?

Ба иттилои мақомоти украинӣ, шумори қурбониёни ҳамла ба як бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Днепри Украина ба 40 нафар расид. Кремл мегӯяд, ҳодиса бо айби Украина рӯй дод.

Ҳамлаи мушакӣ ба Днепр ва шаҳрҳои дигари Украина, аз ҷумла Киев, рӯзи 14-уми январ сурат гирифт. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, дар як нишасти телефонии матбуотӣ рӯзи 16-уми январ гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Русия биноҳои истиқоматӣ ва идораҳои иҷтимоиро нишон намегиранд. Ҳамлаҳо ба ҳадафҳои низомии ошкору пинҳоншуда расонда мешаванд.”

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 16-уми январ гуфт, нерӯҳои Русия макони зисти мардумро дар Луҳанску Донетск ҳадаф мегиранд. Инчунин, ҳанӯз маълум нест, ки кадом ҷониб шаҳри Соледарро назорат мекунад. Ин шаҳр мавриди оташборони харобиовари русҳо қарор гирифтааст.

Низомиёни Русия гуфтанд, Соледар зери назорати онҳост, вале Киев рад мекунад. Мақомоти Украина гуфтанд, муҳориба дар атрофи шаҳри стратегии кони намак идома дорад.

Пирӯзии русҳо дар Соледар ба нерӯҳои Русия имкон медиҳад, ба шаҳри Бахмут наздиктар ҳаракат кунанд. Дар инҷо чандин моҳ боз ҷанги сахте давом дорад.

500 нафари дигарро омода мекунанд

Вазорати дифои Бритониё гуфт, аз 15-уми январ мавқеи нерӯҳои украинӣ дар Соледар, ки дар шимоли Бахмут ҷойгир аст, тақрибан мустаҳкам мешавад. Генерал Марк Миллӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои Амрико, низ гуфт, рӯзи 15-уми январ дар Олмон барои нерӯҳои украинӣ тамрин ба роҳ монда шуд.

Миллӣ гуфт, баъд аз тамринҳои васеъмиқёси то шашҳафтаина баталйони 500-нафарии нерӯҳои украинӣ, қарор аст, ба муқобили Русия ба майдонҳои муҳориба баргарданд. “Ин кумак барои Украина дар дифоъ аз худ бисёр муҳим аст,” – афзуд ӯ.

То ҳол Амрико дар тамрини 3100 сарбози украинӣ ва омӯзиши истифодаи навъҳои муайяни силоҳҳо, аз ҷумла тӯпҳо, зиреҳпӯшҳо, системаҳои мушакии босуръат ё “Ҳаймарс” (HIMARS) мадад кардааст.