Вазорати дифои Русия рӯзи 3-юми январ истифодаи ғайриқонунии сарбозони худ аз телефони ҳамроҳ ё мобилиро сабаби ҳамлаи мушакии Украина ба як қароргоҳи низомӣ донист. Мақомоти Русия мегӯянд, дар ҳамла ба қароргоҳи навсарбозони рус дар Макеевкаи Донетск 89 нафар ҷон бохтааст. Маскав қаблан шумораи қарбониёни ин ҳамларо 63 нафар эълон карда буд. Ҷониби Украина талафоти ин ҳамларо "садҳо" нафар мегӯяд.
Баёнияи Вазорати дифои Русия пас аз он нашр шуд, ки таҳлилгарони рус ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар он кишвар аз фармондеҳии амалиёт дар Украина интиқод карданд. Бештари танқидҳо дар шабакаи иҷтимоӣ ба тарафи фармондеҳони низомии Русия ба ҷойи Владимир Путин, президенти ин кишвар, равона шудааст.
Вазорати дифои Русия гуфт, ки чаҳор мушак аз сӯйи нерӯҳои Украина ба тарафи қароргоҳи нерӯҳои ин кишвар дар шаҳри Макеевкаи Донетск бархӯрд.
Ин вазорат гуфт, ҳарчанд таҳқиқоти расмӣ дар бораи ҳодиса оғоз шудааст, сабаби асосии ҳамла, истифодаи ғайриқонунии сарбозон аз телефонҳои мобилӣ будааст. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, "ин омил ба душман иҷозат дод, то макони сарбозонро барои ҳамлаи мушакӣ пайгирӣ кунад".
Ба гузориши расонаи русии РИА Новости, дар баъзе аз шаҳрҳои зодгоҳи сарбозони қурбонии ин ҳамла, аз ҷумла шаҳри Самара, маросиме барои адои эҳтиром ба кушташудагон баргузор шудааст.
Дар пайи ин ҳодисаи пурқурбонӣ, Русия ҳамлаҳои худро ба Украина густариш додааст. Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе дар хабарномае гуфт, дар Донетск беш аз 130 зархариди хориҷӣ кушта шуд. Ҷониби Русия ҳамчунин мегӯяд, дар ҳамла ба як истгоҳи роҳи оҳан дар Донетск ҳудуди 120 сарбози украинӣ кушта шуда, системаи "HIMARS" ва 800 тири он нобуд карда шуд.
Фармондеҳони украинӣ дар вилояти Донетск ва Луганск гуфтанд, ки тирборони чанд минтақа дар ин ду вилоят давоми ду рӯзи гузашта идома доштааст.
Сарфармондеҳи артиши Украина дар ҷануб низ эълон кард, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои рӯзи 31-уми декабр ба мавзеъҳои артиши Русия дар ҷануби Херсон ҳудуди 500 нерӯи он кишвар кушта ва захмӣ шудаанд.
Бинобар он ки хабарнигорон дар хати пеши ҷанг қарор надоранд, хабаргузориҳои байнулмилалӣ наметавонанд, ҷонибҳоро тасдиқ кунанд.
Шуморе аз миллатгароён ва вакилони порлумони Русия хоҳони муҷозоти фармондеҳоин низомӣ шуданд, ки ба гуфтаи онҳо натавонистанд, аз ин ҳамлаи пурталафот пешгирӣ кунанд.
Яке аз ин мунтақидон Игор Гиркин, фармондеҳи пешини нерӯҳои Русия дар шарқи Украина ва аз ҷумлаи машҳуртарин блогерҳои миллатгаро аст. Ӯ фармондеҳони нерӯҳоро дар шарқи Украина масъули талафоти фоҷеабор донист ва хостори муҷозоти онҳо шуд.
Ҳукумат ва артиши Украина маъмулан масъулияти ҳамлаҳо ба минтақаҳои зери назорати Русияро дар шарқи ин кишвар намепазирад ва барои мисол, Владимир Зеленский дар паёми видеоии рӯзи душанбеи худ ба ҳамла ба пойгоҳи Русия дар Макеевка ишорае накард.