Маскав ҳалокати 63 низомии русро дар Донетск тасдиқ кард

Вазорати дифои Русия рӯзи 2-юми январ таъйид кард, ки дар ҳамлаи Украина ба як қароргоҳи низомиёни Русия дар шаҳри Макеевкаи Донетск камаш 64 нафар кушта шудаанд. Украина шумори низомиёни кушташудаи Русияро дар ин ҳамла "ҳудуди 400 тан" эълон кард.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, шаш мушаки "HIMARS" ба қароргоҳи низомиён дар шаҳри Макеевкаи Донетск партоб шуд, ки дутои он сарнагун карда шуд ва чаҳори дигар ба ҳадаф бархӯрд.

Як мақоми дастнишондаи Русия дар Донетск гуфтааст, мушакҳое, ки Украина дар ин "зарбаи бузург" ба кор бурд, аз навъи "HIMARS" ва сохти Амрико буд. Ин мақоми вафодор ба Маскав хабарҳоро дар бораи кушта шудани сарбозони бештар рад кард, аммо гуфт, қароргоҳи низомиён "осеби сахт" дид.

Баъзе аз манбаъҳои русӣ гуфтаанд, қароргоҳ "аз байн рафта" ва шумори зиёде аз афрод низ нопадид ё захмӣ шудаанд.

Дар муқобил, Игор Гиркин, фармондеҳи пешини нерӯҳои тарафдори Русия дар шарқи Украина, ки ҷангро дар блоги худ таҳлил мекунад, дар аввалин гузориш дар бораи ин рӯйдод шумори куштаҳоро "садҳо тан" донист. Ӯ каме баъд ин навиштаи худро "таҳрир" кард.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", афроди кушташуда нерӯҳои иловагие буданд, ки ахиран басеҷ шуда ва муваққатан дар бинои як омӯзишгоҳи касбӣ иқомат доштанд.

Ҳамлаи мушакии Украина ба қароргоҳи низомиёни рус, пас аз ҳамлаҳои ҳавоии пайдарпайи чанд шаби ахири Русия ба Киев ва шаҳрҳои дигари вилояти Херсон, Запорожйе ва минтақаҳои дигари Украина анҷом шуд.

Русия дар рӯзҳои истироҳати Соли нави милодӣ, аз шаби шанбе то субҳи душанбе бо даҳҳо мушак ва бесарнишин нуқтаҳои гуногуни Украинаро нишон гирифт.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Русия ахиран ҳамлаҳои худро дар Украина бештар кардааст. Украина мегӯяд, 45 ҳавопаймои бесарнишини Русияро, ки дар ҳамлаи шаби шанбе ба кор бурд, роҳгирӣ ва дар ҳаво аз байн бурд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфт, Русия аз шаби шанбе то субҳи якшанбе 40 бесарнишини худкушро ба ин шаҳр фиристодааст. Ӯ афзуд, 22 бесарнишин аз сӯи нерӯҳои дифои ҳавоии Украина сарнагун шуда, 18-тои дигари он ба Киев ва вилоятҳои атрофи он бархӯрданд.

Русия дар ҳоле ки ҳамчунон аз панҷ як қисми қаламрави Украинаро дар ишғоли худ дорад ва чаҳор вилояти ин кишварро ба хоки Русия изофа кардааст, дар идомаи шикастҳои таҳқиромези майдонӣ, ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи шаҳрҳои Украина дар рӯзҳои ахир густариш додааст.

Тибқи охирин гузоришҳо, Русия дар вокуниш ба ҳодисаи Макеевкаи Донетск, баъд аз зуҳри душанбе ҳамлаҳои сахт алайҳи нерӯҳои Украина дар Донетск ва Харков анҷом дод. Маскав иддао кардааст, ки 70 танро кушта ва беш аз 100 тани дигарро захмӣ кардааст.