Дар 9 моҳ 119 ҳазор тоҷик шиносномаи русӣ гирифтаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, аз моҳи январ то сентябр, яъне дар 9 моҳи имсол, 119 ҳазор ё зиёда аз як дарсади аҳолии Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки Русия гирифтори ҷанг бо Украина аст ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандаш ин кишварро тарк карданд.