Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи уйғурҳо аз ояндаи мардумашон дар Чин

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бино ба пажуҳиши ширкати амрикоии Лукаут, замимаҳои телефонӣ бо забони уйғурӣ метавонанд, дар бораи уйғурҳо иттилоъ ҷамъ оваранд. Ширкат гуфт, мутахассисон ошкор кардаанд, ки замимаҳо бо нармафазорҳои ҷосусие олудаанд, ки ба рахнагарони ҳукумати Чин рабт доранд.