Русия рӯзи якшанбеи 23-юми октябр аз гуфтугӯи телефонии Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар бо ҳамтоёни бритониёӣ, амрикоӣ, фаронсавӣ ва турки худ хабар дод. Бар асоси гузориши Вазорати дифои Русия, меҳвари ин гуфтугуҳо, ҷанги Украина будааст.
Тибқи ин гузориш, дар гуфтугӯи вазирони дифои Русия ва Фаронса, вазъияти ҷангӣ дар Украина, ки дар ҳоли бадтар шудан аст, баррасӣ шудааст. Вазорати дифои Русия ҳамчунин аз гуфтугуҳои оқои Шойгу бо ҳамтоёни бритониёӣ ва турки худ хабар додааст.
Дар ҳама гузоришҳое, ки аз гуфтугӯҳои телефонии рӯзи якшанбе нашр шуд, иддаои "эҳтимоли истифодаи харобкоронаи Украина аз "бомбаҳои касиф" дар ҷанг матраҳ шудааст. "Бомбаи касиф" ё "Dirty bomb" навъе силоҳе аст, ки барои олудани муҳит бо маводи радиоактив истифода мешавад.
Дар ин гузориш шарҳи бештар дар бораи иддаои нави Кремл нашр нашудааст. Аммо худи мақомҳои Русия дар пайи шикастҳои пайдарпай ва ақибнишинии низомиёни ин кишвар дар баробари ҳамлаҳои ду моҳи гузаштаи нерӯҳои украинӣ, борҳо таҳдид кардаанд, ки мумкин аст аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунанд.
Русия ахиран зерсохторҳои ғайринизомӣ, ба вижаи нерӯгоҳҳои барқӣ ва минтақаҳои аҳолинишини Украинаро бо ҳавопаймоҳои бе сарнишин ва мушакаҳо ҳадаф қарор дод, то Киевро зери фишор қарор диҳад.
Вазорати дифои Бритониё рӯзи якшанбе дар ҳамин бора хабар дод, ки вазири дифои ин кишвар дар гуфтугӯи телефонии худ иддаои Шойгу дар робита ба кӯмаки кишварҳои ғарбӣ ба Украина барои доманадор шудани ҷангро рад кард.
Вазири дифои Русия рӯзи якшанбе ҳамчунин бо Ллойд Остин, ҳамтои амрикоии худ телефонӣ гуфтугӯ кард. Аз замони ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол, ин дувумин тамоси телефонии вазирони дифои Русия ва Амрико аст. Тамоси телефонии қаблӣ низ чанд руз пеш анҷом шуда буд. Оқои Остин дар гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ хостори "оташбаси фаврӣ" дар Украина шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи озодсозии минтақаҳои ишғолшудаи Украина аз сӯи артиши ин кишвар, мақомоти Русия аз таъсиси хати дифоӣ барои пешгирӣ аз пешравии низомиёни украинӣ хабар доданд.
Дар ҳафтаҳои гузашта таваҷҷуҳи нерӯҳои украинӣ барои озодсозии минтақаи Херсон аз ишғоли Русия будааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Украина се рӯз қабл гуфта буд, ки артиши ин кишвар дар ҷараёни пешравии ҳафтаҳои ахир 88 шаҳрак ва деҳаро дар вилояти Херсон бозпас гирифтааст.
Херсон яке аз чаҳор минтақае аст, ки Русия моҳи гузашта иддао кард онро ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст. Аммо бо ин вуҷуд, нерӯҳои украинӣ бахшҳои васеъ аз ин минтақаро озод кардаанд. Ин вилоят дар рӯзҳои аввали ҳамлаи низомии Русия ба контроли нерӯҳои низомии ин кишвар даромад.
Артиши Украина рӯзи якшанбе эълон кард, ки афсарони баландпояи русӣ ҷониби ғарбии дарёи Днепрро раҳо карда, дифоъ аз ин минтақаро ба сарбозони бетаҷрибаи рус супурдаанд. Нерӯҳои украинӣ чанд ҳафта пеш бахши шимолии Херсонро озод карданд ва ҳамакнун ба тарафи ҷануб ва марзҳои Русия дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.
Раиси минтақаи Курски Русия эълон кардааст, ки ду хатти дифоӣ эҷод шуда ва хатти севуми дифоӣ низ то ду ҳафтаи дигар такмил хоҳад шуд. Хатҳои дифоӣ ҳамчунин дар минтақаи Белгороди Русия низ эҷод шудааст. Ин минтақаҳо хоки Русия ҳастанд ва ҷузъе аз минтақаҳои ишғолшуда намебошанд. Аммо тибқи гузоришҳо, хатҳои дифоӣ дар минтақаи ишғолшудаи Лугански Украина аз сӯи низомиёни Русия эҷод шудааст.