Як мактаби миёна дар маркази шаҳри Кӯлоб, ки 1300 хонанда дорад, як моҳ боз бе нерӯи барқ мондааст. Масъулони мактаб гуфтанд, ки барои ҳалли масъала ба мақомот нома фиристоданд. Дар идораи барқ мегӯянд, мушкил сари сим аст, вале намегӯянд, кай ҳал хоҳад шуд.
Дар мактаби рақами 9-и шаҳри Кӯлоб ба сабаби набудани барқ зангӯлаи нимашикастаро аз анбор берун овардаанду тавассути он хонандагонро ба дарс мехонанд.
Дар синфҳои компютерӣ чандин дастгоҳ истодааст, вале ба сабаби бебарқӣ хонандагон рӯшан карда наметавонанд. Фархунда Сафаралиева, яке аз хонандагон, гуфт, "дарси компютерро назариявӣ мехонем. Амалӣ коре карда наметавонем. Нерӯи барқ надорем."
Мудири мактаб Ҷамолбӣ Расулзода рӯзи 3-юми октябр гуфт, аз шабакаҳои барқ сар карда, то ба ҳукумати маҳаллӣ нома навишт, вале мушкилашон ҳал нашуд. Ба иттилои ӯ, ин мушкил дар оғози моҳи сентябри имсол пеш омадааст.
Дар Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб набудани қувваи барқро дар мактаб тасдиқ карданд. Наврӯз Кишваров, сардори шабакаҳои барқи Кӯлоб, гуфт, мушкил дар симҳои мактаб аст. "Кормандон дар пайи таъмир ҳастанд," -- афзуд ӯ, аммо дақиқ нагуфт, ки чаро дар як моҳ сими барқро дуруст накарданд.
"Ба номаи мо ҷавоб гардониданд, ки таҷҳизоти лабораторӣ надорем, метавонед, ба ширкати "Барқи тоҷик" муроҷиат кунед," – мегӯяд Ҷамолбӣ Расулзода, мудири мактаби рақами 9-и Кӯлоб.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ин мактаб садҳо хонанда дар ду баст дарс мехонанд. Ҳоло, ки тирамоҳ асту торикӣ барвақттар фаро мерасад, онҳо хоҳони ҳалли мушкил ҳастанд, то ба ҷараёни таҳсил халале нарасад.
Ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон ва ба сабаби маҳдудияти барқ бисёре аз мактабҳои Тоҷикистон аз рӯшноиву гармӣ ва истифодаи дастгоҳҳои компютерӣ маҳрум мешаванд. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ин пешниҳод дар Тоҷикистон гаштаву баргашта садо медиҳад, ки мактабу идораҳо ба нерӯи алтернативӣ, аз ҷумла истифодаи панелҳои офтобӣ бигузаранд.
Чанд сол пеш яке аз мактабҳо дар Ромит, ки зимистону тобистон барқ надошт, ба ин восита соҳиби рӯшноӣ шуда буд, аммо маърака ба таври ҷиддӣ идома накард.